Изҳороти устодони кафедраи менеҷменти ДИС ДДТТ оид ба андешаҳои муғризонаи афроди бадхоҳи миллат дар Бадахшон

Дар таърихи 13-уми октябри соли ҷорӣ муроҷиатномаи ҷавонони вилояти Суғд ба тамоми мардуми Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба нашр расид, ки шоистаи дастгирӣ ва пайравист. Ин муроҷиатнома ҷавҳари сиёсати фардонамову фардоофари Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар барои тамоми сокинони кишвар, махсусан барои бародарони бадахшии мо рўнамо мекунад. Маълум аст, ки то ба имрўз гурўҳе аз ҷавонони гумроҳ фирефтаи ақидаҳои муғризонаи гурўҳе аз душманон гардида, ба лофу газофи онҳо гўш медиҳанд. Аз ин рў, дуруст гуфтаанд, ки имрўз дар чунин шароити ҳассос ва сарнавиштсоз, набояд фирефтаи суханони гурўҳҳои  ҷиноятӣ гардида, нисбат ба марзи аҷдодӣ ва сарзамини поки ниёгони хеш ҳар гуна амалҳои номатлубро раво бубинем.

Имрўз душманону хоинони миллат аз хориҷи кишвар истода тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна андешаҳоро паҳн намуда, тадбирҳои созандаи Ҳукуматро дар мавриди ҷамъоварии силоҳ, пешгирӣ аз гардиши мошинҳои берақам, интиқоли маводи мухаддир ва дигар иқдомотро як навъ амалиёти давлат нисбати мардуми Бадахшон  маънидод мекунанд. Тамоми мардуми соҳибхиради Тоҷикистони азиз медонанд, ки ҳаргиз чунин набудаву нахоҳад буд, зеро зиндагӣ собит намуд, ки давоми чанд соли охир чанд гурўҳи ҷиноятпеша, на танҳо хилофи қонунҳои амалкунанда рафтор намуда истодаанд, балки онҳо дар баробари бадном намудани мардум, боиси ранҷу озори  халқи шарафманди Бадахшон низ гардидаанд.

Онҳо бо таъсиси «Паймони миллӣ» умед доштанд, ки  тарафдорони худро пайдо намуда, кишварамонро бо дасти худамон нотинҷ кунанд. Ҳоло ки барои бадномкунии меҳан баҳоне намондааст, онҳо ба мардуми сарбаланду иродатманди Бадахшон часпидаанд. Аммо миёни мардум ҳастанд нафароне, ки манфиатдори нооромиҳо дар ин минтақа ҳастанд. Онҳо ба гуфтаи хоҷагони беруниашон кор мекунанд. Бояд эътироф кард, ки дар шаҳри Хоруғ ва атрофи он ҳастанд гурӯҳҳое, ки солҳои сол бо кашонидани нашъаву силлохҳо аз Ҷумҳурии Афғонистон доираи тиҷорати худро васеъ карда, имрӯз ба дигарон маҷоли сухан ё амал кардан намедиханд. Ин нафарон дар олами ҷиноӣ бо номҳои  Толиб, Боқир, Ёдгор  машҳур буданд. Гумон доштанд, ки кассе пишаки онҳоро  «пиш» гуфта наметавонанд. Кор то ҷое расида буд, ки Президент ба ин масъала зимни сафари 5 рӯза дахл намуданд. Ин назари мӯйшикофонаи Сарвари давлат сангеро гӯиё аз дили мардуми охкашидаи мардум берун овард. Зеро дар сурати мудохила накардан ба масъала мазкур ҳатарисар задани  ҷанги  шаҳрвандӣ дар ин минтақа мешуд.

Мо аз сокинони воқеан ҳам соҳибдилу механпарасти Бадахшон даъват ба амал меорем, ки  ҳаргиз ба шиорпартоии нафрони “дилсӯзи” Бадахшон дода нашаванд. Махсусан  ба “зебо ва шево” сухангӯии Алим Шерзамонов бовар накунандВазифаи ӯ тухми нифоқу низоъ коштану ҷангро оғоз бахшидан аст. Он гоҳ хоҷагон бемалол яроқу аслиҳаи худро пул мекунанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *