ИЗҲОРОТИ устодони кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ ба сокинони кишвар оид ба муроҷиати сардори раёсати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Мо аҳли коллективи кафедра муроҷиатномаи ба зиёиён изҳор намудаи Лутфулло Наврӯзов, сардори раёсати маорифи ВМКБ-ро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ тамошо карда, оид ба ин андешаи хешро иброз медорем. Дар робита ба ин қайд менамоем, ки санаи 26.01.2022 яке аз аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ, авбош бо номи Маҳмадбоқир дар шаҳри Хоруғ ба утоқи кории сардори раёсати маорифи ВМКБ Лутфулло Наврӯзов даромада, бе ягон асос ӯро лату кӯб карда, нисбати ӯ ва сокинону Дарвозу Ванҷ суханони қабеҳ гуфта, аз шаҳри Хоруғ баромада рафтани ӯро талаб менамояд. Дар ҳақиқат рафтори Маҳмадбоқир нисбати як омӯзгори соҳибмансаб ваҳшоният аст! Ин давоми ҳодисаҳои нангини моҳи ноябр мебошад, ки обрӯи Бадахшониҳоро бо кирдорҳои пасти худ резонида истодаанд. Лекин ин ҳодисаҳои нангин барои тамоми шаҳрвандони кишварамон дарси ибрат шуданаш лозим аст.
Мо аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ медонем, ки мардуми Бадахшон бо маданият, дониш, маҳорату малакаашон дар байни зиёиён пешсаф буданд. Ҳоло ҳам онҳо пешсаф мебошанд.
Мо боварӣ дорем, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, нисбати ҷинояткор Маҳмадбоқир ва амсоли ин барин ҳайвонсифатҳо, тибқи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ чораҳои саривақтӣ андешида мешавад, ҳуқуқи зиёиёни бофарҳанги Бадахшонро ҳимоя менамояд.
Мо медонем, ки бадхоҳони халқу ватан бо ҳар баҳонаи ночиз кишвари моро ноором созанд, мардумро ба гумроҳӣ андозанд ва ҳатто ҳокимияти қонуниро сарнагун кунанд. Воқенан хуб шуд, ки Наврӯзов Лутфулло бо муроҷиатномаи худ баромад намуд.
Мо аҳли зиёиёни кафедра аз баромадҳои қаблии Вакилони халқ ва аз ҷумла, оид ба муроҷиатномаи Наврӯзов Л. ба худ хулосабарорӣ намуда, кирдори авбошонаи чунин бадахлоқонро шадидан маҳкум мекунем. Адаби чунин авбошонро додан лозим аст, ки нисбати мансабдорон, зиёиён ҷиноят содир накунанд.
Аз чунин ҳодисаи номатлуби ҷомеа имрӯза, мо устодони кафедра хеле ғамгин шуда, зимни изҳороти хеш пешниҳод менамоем.Аз ҷумла:
– ошкорбаёниро нисбати кирдорҳои ҷинояткоронаи душманони халқу ватан, авбошон, оид ба супоридани ихтиёрии силоҳ, мусодира кардани силоҳ ва маводи мухаддири ғайриқонунӣ, ба ҷазо кашидани нафарони ташкилку-нандаи бетартибиҳо бештар навиштан лозим аст;
– мо аз мақомоти дахлдори кишварамон хоҳиш менамоем, ки Маҳмадбоқир ва тарафдорони ӯ дар ҳақиқат ҷинояткор ҳастанд ва бояд ин афрод мувофиқи талаботи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд;
– ташкилкунандагони чунин бетартибиҳо, ҷинояткориҳо ба пушту паноҳи худ такя мекунанд, аз ин сабаб чунин ҷинояткоронро бо пушту паноҳашон пурра решакан намудан лозим аст.
Дар фарҷоми изҳороти хеш қайд менамоем, ки мо омӯзгорони кафедра аъзои ҷудонашавандаи ҷамъият мебошем ва бояд масъуляти худро дар назди ҷамъият ҳис карда, дониши худро дар амалисозии сиёсати давлат, барои тарбияи ҷавонон бо ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандии онҳо сарф намоем. Ва бо боварӣ изҳор менамоем, ки халқи сулҳпарвари ВМКБ шукргузорӣ аз ҳаёти осоишта, осмони соф намуда, минбаъд низ баҳри сулҳу суботи кишари соҳибистиқлоламон талош меварзанд. Мо мардуми Бадахшонро танҳо намегузорем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *