Изҳороти устодони кафедраи математекаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ нисбати баромадҳои роҳбари сиёҳдилу бадкинаи ТТЭ ҲНИ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Мо устодони кафедра тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дида истодаем, ки роҳбари сиёҳдилу бадкинаи ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ имрӯзҳо дар барномаи “Паймони миллӣ…” баромад намуда, дастовардҳои хурду бузурги Тоҷикистони соҳибистиқлолро нодида гирифта, ба ҳар амалҳои давлатдорон беасос туҳмату ғайбат менамояд. Бо шунидани суханҳои Кабирӣ ба назари кас шахсе намудор мешавад, ки дили торику пур кина дораду бадхоҳи мардум аст. Воқеан наҳзатиёну ҳаммаслаконаш, ки тафаккурашон олудаи кинаву мазаммат аст, аз минбар истода дар бораи адолат гап мезананд. Боиси сад афсус, ки душмани миллати тоҷик худи тоҷик аст, ки дар ҳамин сарзамини биҳиштосо ба воя расидааст ва имрӯз дар Аврупо иқомат дошта чун кӯрнамаки нобакор ба миллати худ, ба хоки сарзамини худ хиёнат мекунад. Ин рафтору кирдори гумроҳон бори дигар собит мекунад, ки чунин шахсиятҳои ифротгарои беимон, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки хоинон ватан, миллат ва дину мазҳаб надоранд, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Бинобар ин нагузорем, ки бадхоҳони миллат – М.Кабирӣ, М.Садриддини бешараф ва пайравонашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дурӯғпардозӣ ва дасисабозии худ нисбати кишвари мо сухан гӯянд.

Ба наҳзатиён, бахусус Кабириро, хотиррасон менамоем, ки тоҷики меҳанпараст гарчанде берун аз кишвар зиндагӣ ва ё муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта бошад ҳам, ватани худро дӯст медоранд ва баҳри ҳифзи сулҳу суботи комил камари ҳиммат баста, маъруфгари Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд ва рӯз аз рӯз обрую нуфузашро баланд бардошта, бо ин васила, саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Мо устодони кафедра дар фарҷоми изҳороти хеш бо қаноатмандӣ ва итминони комил гуфта метавонем, ки мо сокинон ва ҷавонони саодатманди ин диёри ободу зебо ҳамеша дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқ буда, онро якдилона пайравӣ менамоем. Баҳри ҳифзи марзу бумаш ва барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол камари ҳиммат баста, таҷлили ҷашни 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро бо дастовардҳои назаррас сазовор пешвоз хоҳем гирифт.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *