Изҳороти устодони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон оиди ҳизбҳои ифротгаро

Дар ҳар ҷомеа, ҳар як инсон, хусусан ҷавонон бояд Ватани  худро дӯст доранд, барои Ватан ҳамеша корҳои неку барои ҷомеа манфиатбахшро анҷом диҳанд. Ҳатто яке аз ҳикматҳои ибратомӯзи дини мубини Ислом оиди волоияти арзишҳои ватандӯстӣ чунин аст: “Дӯст доштани Ватан аз имон аст”. Боиси қайд аст, ки ҳар як фард дар назди Ватани худ баробари доштани ҳуқуқҳову, ӯҳдадориҳо боз масъулиятҳои бузургеро ҳам дорад.

Инсони нектабиат бояд натанҳо Ватанашро дӯст дорад, балки барои ободонӣ ва аз фитнаҳо нигоҳ доштани он, саъю кӯшиш намояд.

Ба мо зарур аст, ки имрӯзҳо ба қадри заҳмати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расем, то ки маҳз бо сайъу кӯшиши ин инсони бузург дар кишвари мо сулҳу субот таъмин аст.

Имрӯзҳо мо мебинем, ки баъзе гурӯҳҳои бадхоҳ барои ноил гардидан ба мақсадҳои нопоки худ аз дини мубини Ислом сӯистифода карда истодаанд. Ин иғвогарон бо ташкили ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ба дили баъзе ашхоси ноустувор ва сустирода ҷой гирифта, онҳоро гумроҳ карда истодаанд.

Аз ин лиҳоз, мо набояд гузорем, ки чунин иғвогарон ба мақсадҳои нопоки худ расанд, ҷавононро роҳгум созанд. Мо аҳли устодони кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони ДИС ДДТТ бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки ҷавонони арҷманди диёрамон дар сафи тарафдорони сулҳу ваҳдат устувор ҷой бигиранд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *