Дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат ба ифтихори таҷлили 30- солагии Истиқлолияи давлатӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома дорад. Мардуми шарифи Бадахшон дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҳамаҷониба аз дастгириву пуштибонии Ҳукумат махсусан, Пешвои миллат баҳраманд гашта, баҳри боз ҳам ободу рушд ёфтани ин минтақа саҳми хешро низ гузошта истодаанд. Дар давоми соҳибистиқлолии кишвар ба истифода додани 1700 иншооти таъиноти гуногун аз ҷумла, дар соҳаи тандурустӣ, мактабу маориф, сохторҳои қудратӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ин нишоне аз рушд ва ишкишофи ҳамаҷонибаи ин вилоят ба шумор меравад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар сафари навбатии худ ба ВМКБ, Пешвои миллат зикр доштанд, ки дар ин минтақа то таҷлили 30 солагии Истиқлолияти кишвар сохтмони чандин иншоот ва биноҳои гуногуни зарурӣ ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони аксари онҳо оғоз ёфта, то ҷашни Истиқлолияти кишвар ба мардуми ин минтақа тӯҳфаи хуб хоҳад буд. Аз ҷумла 25 бинои маъмурӣ, 23 муассисаи таълимӣ ва тандурустиву фарҳанг ва таъмиру тармими 26 километр роҳи дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва дигар иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ба шумор меравад. Ҳамзамон аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар ҳудуди вилоят сохтмони 26 иншоот, аз ҷумла дар шаҳриХоруғ бунёди 4 иншооти муҳим идома дорад, ки маблағи умумии онҳо беш аз 300 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин ҳама далели равшани пуштибонӣ ва ғамхории Ҳукумат ва Президенти кишвар маҳсуб меёбад.
Хиёнаткороне ба мисли Алим Шерзамонов ва чанде аз гурӯҳҳои ҷиноятпешаи ин минтақа чун Толиб, Боқир, Ёдгор ки бо ҳадафи ноором сохтани ҳаёти мардуми осоиштаи Бадахшон даст ба ҳар амалҳои хиёнаткорона ва дасисабозӣ зада мекӯшанд то ҳадафҳои нопоки хоҷагонашонро амалӣ созанд. Ин ашхосони ноҷавонмардони зархарид ва фурӯхташуда ва он гурӯҳҳои ифротгаро асосан ба хотири пӯшидани ҷиноят гуноҳояшон талош мекунад. Аммо мардуми тоҷик ва алалхусус, мардуми бонангу номуси Бадахшон ба хубӣ огоҳ ҳастанд, ки Шерзамоновҳо ба чандин амалҳои ҷиноятӣ даст зада, барои худро бегуноҳ нишон додан дар назди мардум даст ба чунин зиштиву иғвоандозиву тӯҳмату тавҳин задаанд. Ин нафарон амалкарди фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва гурӯҳҳои амниятиро, ки ба хотири боз ҳам таъмини босуботи аҳолӣ ва нигоҳ доштани тартиботи дохилии вилоят чораҳои зарурӣ андешида истодаанд онҳоро зиддӣ мардум маънидод мекунанд, ки амали онҳо баёнгари хиёнаткории онҳо ба Ватан бо амри хоҷагони зархаридӣ хориҷиашон аст.