Изҳороти устодони кафедраи математика ва технологияи инноватсионӣ оид ба филми “Хиёнат” ва аъмоли душманонаи бадхоҳони миллат

         Баъди тамошои силсилафилми “Хиёнат” оид ба аъмоли бадкорон ва бадхоҳони миллат бештар огоҳ гаштем ва устодони кафедраи математика ва технологияи инноватсионӣ фаъолияти пасипардагии душманони миллату давлатро шадидан маҳкум менамоянд.

Барои бо далелҳои муътамад ва хеле хуб фош намудани амалҳои разилонаи ин ташкилоти экстремистию терористӣ ҲНИ ба воситаи шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо», «Сафина» ва «Синамо» силсилафилми ҳуҷҷатии «Хиёнат» намоиш дода шуд. Дар ин филмҳо доир ба амалу кирдорҳои нангини хоинони миллат, бахусус роҳбарият ва аъзоёни ташкилоти террористию экстремистии дар Тоҷикистон манъшудаи Ҳизби наҳзати исломӣ, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири дастрасӣ ба манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ, бо дастгирии хоҷагони хориҷии хеш бар зидди давлату миллати тоҷик анҷом додаанд, ҳикоят мекунад. Дар ин филмҳо далелҳои раднашаванда ва мусоҳибаҳои шоҳидони амалҳои ифротгароиву террористии ин афроди фурӯхташуда, нишон дода мешаванд. Аз ин филмҳо бараъло маълум мегардад, ки бо рафтору кирдорҳояшон аъзоён ва пайравони ин ҳизб, ки дар сиёсати давлати соҳибистиқлоли моро чашми дидан надоштанду ҳанӯз ҳам дар хориҷи кишвар ба хотири манфиати худу амалӣ намудани амалҳои ғайриинсонии хоҷагони хориҷии хеш бо зӯроварию хиёнат ба пойдевори амну суботи Тоҷикистони азизамон рахна задан мехоҳанд, бо далелҳои шайъӣ исбот гардидааст.

Сарварони ТТЭ ҲНИ асло шарму ҳаё, масъулият, шарафи миллӣ надоранд ва аз оқибати кору пайкори худ намеандешанд. Ноором кардани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, дар хатар гузоштани амнияти давлатҳои минтақа, барангехтани кинаю адоват ва низоъ дар миёни мардум, паст задании шаъну эътибор ва дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пешгирифтаи онҳо буда, танҳо ҳамин амалҳои ғайриинсонӣ барояшон роҳат мебахшанд.

Филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» ба қисмҳои алоҳида ҷудо шудааст, ки фаҳмиши ҳодисаҳои дар он тасвиршударо осонтар мегардонад. Қисми якум оид ба амалҳои террористие, ки аъзоён ва ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва бо дасти Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015 анҷом дода шуда буд, бо далелҳои равшан ва шоҳидони ҳодиса тасдиқ мекунанд, ки воқеан ҳам ҳадафи онҳо ба таври зӯрӣ ба даст овардани ҳокимият ва сохтани давлати исломӣ дар Тоҷикистон буд.

Қисми дуюми филм дар бораи фаъолияти таҳрибкоронаи ТТЭ ҲНИ дар хориҷи кишвар, ки баъди аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстримистӣ эълон шуданаш роҳандозӣ гардидааст, ҳикоят мекунад.

Баъди пайгирии қонунӣ дар хориҷи кишвар пинҳон шудан, наҳзатиён худро ҳамчун қурбонӣ муаррифӣ намуда, аз хоҷагони хориҷии худ маблағ гирифта, барои «Муборизаи сиёсӣ»-и навбатӣ Паймони миллии Тоҷикистонро ташкил намуданд. Аз шоҳидони ҳол дар мавриди амалҳои онҳо дар хориҷи кишвар фикру далелҳои раднашаванда пешниҳод гардидааст, ки чӣ гуна бар зидди давлату миллат фаъолият мебаранд ва мехоҳанд, ки боз Тоҷикистони орому осударо бо макру фиребҳои хеш ба ҷанги бародаркуш бикашанд.

Дар қисми сеюми филм дар бораи дастгоҳҳои таблиғотии ТТЭ ҲНИ ва сомонаҳое, ки ба ин ташкилот тааллуқ доранд, маълумоти дақиқ дода шудааст. Гуфта мешавад, ки чӣ гуна ин сомонаҳо аз қабили «Ахбор.ком», «Кимиёи Саодат», «Паём.нет», «Наҳзат.ру», «Ислоҳ.нет» аз ҷониби ҲНИ маблағгузорӣ шуда, бар зидди давлату миллати тоҷик маводҳои ғаразноки беасос чоп карда, инчунин дар онҳо ақидаҳои зиддимиллии наҳзатиёнро тарғибу ташвиқ мекунанд.

Мо аҳли устодони кафедра фаъолияти ҷинояткоронаи ТТЭ ҲНИ –ро маҳкум менамоем ва бори дигар филми “Хиёнат” кирдорҳои хиёнаткоронаи онҳоро собит намуд. Маводҳои филми мазкурро ҳамагон, бахусус насли ҷавони худогоҳу хештаншиноси кишвар тамошо кардаанд ва боварӣ дорем, ки онро бо идрок ва назари сиёсӣ ҳаматарафа таҳлил менамоянд. Манзараҳо ва мафҳумҳои дар филм истифодашуда моро ҳушдор менамоянд, ки аз таърихи миллати худ сабақ омӯзем ва ҳеҷ гоҳ фирефтаи доми хоинони ватанбезор нашавем.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *