Изҳороти устодони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ перомуни тарбияи шоистаи насли наврас ва ҳидояти онҳо ба роҳи ростию росткорӣ

Оламиён имрӯз аз воқеаҳои фоҷеабор дар ҷаҳони ислом изҳори нигаронӣ намуда, пайваста талош доранд, ки инсониятро аз муноқишаҳои доираҳои манфиатҷӯю ҷудоиталаб раҳо намоянд. Дар ин дастгириҳо занону кӯдакони зиёде ба ҳалокат расида, ятиму бепарастор ва бехона гаштаанд. Мутаассифона, ҳамаи ваҳшоният ба номи ислом иснод меорад. Бадномсозии ислом бо дасти мусулмонони ноогоҳу манфиатталаб оғозу анҷом ёфта истодааст ва дасти бегонагон дар мадди аввал меистанд.

Ҳамаи волидон ва омӯзгорон дар он ҷиҳат кӯшиш доранд, ки аввал ба тарбияи гузаштагон такя намуда ва бо мақсади муайяну пешгирӣ, мубориза бо ҷинояткорӣ, барҳам додани амалу кирдорҳои номатлуби ҷавонон, барои саривақт пешгирӣ намудан кӯшиш доранд. Тавре, ки васоити оинаи нилгун барномахо пешкаш мегарданд, содиршавии ҷиноятҳо аз тарафи ноболиғону ҷавонон ҳанӯз ҳам ташвишоваранд. Бо мақсади ба танзим даровардани вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ, мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгароӣ, дар шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, деҳаҳо, маҳалҳо, корхонаю муассисаҳо, мактабу макотибҳои олӣ вохӯриву суҳбатҳои зиёд гузаронида шаванд.

Ҳар фарди солим танҳо онро талаб намояд, ки фаъолиятро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар амалу кирдорҳои номатлуби ҷомеа пурзӯр намуда, вазифаҳои худро назди ҷамъият содиқона ва софдилона иҷро намоянд, ки то пушаймон нагарданд. Волидону омӯзгоронро барои мусоидат баҳри мубориза ва пешгирии ҳар гуна амалҳои номатлуби ҷавонон даъват намуда, фаҳмондадиҳиро бояд пурзӯр намуд.

Шомилшавии иддае аз ҷавонони мамлакат ба сафи ҳизбу гурӯҳҳои террористиву экстремистии дунё, аз ҷумла, гурӯҳи ҷиноятпешаи террористии бо ном “Давлати исломӣ”, ҳизби таҳрир, ҷараёни салафия ва дигар ҳизбу ҳаракатҳо барои миллати сарбаланди тоҷик бисёр нанговар буда, моро водор месозад, ки садди роҳи он шавем. Нагузорем то фарзанди модари шафиқу меҳрубони тоҷик фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи кадом як хоҷаи бесаводу ғоратгари хориҷа гардад. Боз онро зикр намуд, ки пӯшидани сатри сиёҳ ва тақлид ба маданият ва тарзи либоспушии ба фарханги миллати мо бегона, хусусан барои ҷавондухтарон ноҷоиз буда, пӯшидани либосҳои анъанавии миллии тоҷикона ба дин ва маданияти онҳо халал ворид намесозад. Террорист инсони комилақл ва солимфикр набуда, балки худкуши бемақсад ва пеш аз ҳама, эҷодгари ваҳму даҳшат дар миёни мардум аст. Кори ӯ куштан, тарконидан, ба гарав гирифтани инсон, ғорат, таҷовузу даҳшатоварӣ аст. Аз куҷо ҳамаи ин сифатро ӯ соҳиб мешавад? Охир ӯ одам ҳаст-ку? Наход виҷдони инсонӣ дар ӯ набошад? Наход лоақал касе ба ӯ маърифатро боре ҳам нагуфта бошад? Наход дар дунёи муосир, ки асри авҷи тараққиёти одамӣ аст ӯ чизеро дарк карда ва ё пазируфта натавонад? Албатта, ба кулли ин суолҳо андешаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   хеле мувофиқ буда метавонад, ки мефармоянд: «Террорист дин, мазҳаб, миллат ва ватан надорад».

Пас дар пайравии Сарвари давлат метавон гуфт, ки террорист гумроҳзадае беш нест. Ифротгаро низ оқибат ба коми терроризм меафтад. Нафрату бадбинӣ нисбати халқу ватани хеш, бар асоси дурӯғу суханҳои беасос иғвоангезии ҳамватану ҳамзабони худ, аз ҷумлаи амалҳое дониста мешаванд, ки аз терроризму экстремизм камӣ надоранд.

Баъзе касон, аз ҷумла мухолифини Ҳукумати Тоҷикистон, шомилшавии ҷавонони кишварро ба ин гурӯҳҳо дар вазнинии шароити зиндагӣ ва аҳволи бади иҷтимоиву иқтисодӣ нисбат дода, ба ин васила “ғамхориву мардумшиносӣ”-и худро собит карданӣ мешаванд. Аммо агар аз рӯи мантиқ таҳлил кунем ин тавр буданаш аз ҳақиқати воқеӣ дур аст. Аввал ин ки дар Тоҷикистони биҳиштосои мо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ хуб аст ва наметавон чунин донист, ки шароити зиндагии мардум вазнин бошад. Дигар он ки аксари ҷавонони ба ин гурӯҳҳо шомилгашта аз хориҷи мамлакат шумули ин бевиҷдонҳо шуданд.

Воқеаҳои чанд соли охир дар миқёси ҷаҳон собит сохт, ки ҳамаи ин падидаҳо: чӣ экстремизму чӣ терроризм ва чӣ ифротгароиву иғвоангезӣ бар зарари осудагиву оромӣ ва сулҳу суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, мубориза бо он имрӯз аз мавзуъҳои аввалиндараҷаи амнияти кишварҳо гаштааст. Тоҷикистон низ аз ин падидаҳои номатлуб сахт маҳкум намуда, баҳри ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, таъмини сулҳу оромии ҷомеа, расидан ба ормонҳои мардум ва рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ тамоми чораҳои заруриро меандешад. Мо таърихан халқи фарҳангдӯст ва соҳиби маданияти хосу бойи хеш ҳастем ва мемонем. Моро ягон падидаи нав ва ё фарҳанги бегона наметавонад фирефта ва ё ба “дом”-и худ кашад. Маданияти халқи мо падидаи таърихан инкишофёфтаи ормонҳои азалии гузаштагонамон буда, моро ба роҳи росту дуруст ҳидоят мекунад. Ин гуна хислатҳои номатлуб хоси маданияти тоҷикон нест ва бо боварӣ метавон гуфт, ки нахоҳад ҳам шуд.

Дар хотима онро бояд кайд намуд, ки пешгирии шомилшавии ноболиғону  ҷавонон ва хатто шаҳрдонро аз ҳизбу ҳаракатҳои раванди террористӣ дошта бояд эҳтиёт намуд. Ҷавононро ба омӯзиши илму дониш ва қадршиносии инсон, поквиҷонӣ, инсондӯстиву садоқатмандӣ ва дарки ҳақиқии арзишҳои маънавию фарҳангии кишвар бояд ҳидоят кард.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *