Изҳороти устодон ва донишҷӯёни муҳосиботи бухгалтерӣ ва аудити ДИС ДДТТ нисбат ба Ҳизби экстремистиву террористии наҳзати исломӣ

Солҳои охир бо сабаби пайдошавии марҳилаи нави “ҷанги сард” абаркӯдратҳо гурўҳҳои тундрав ва ифротгаро ташкил карда истодаанд, боиси нигаронӣ гардидааст. Ин раванд дар навбати худ ба мамлакати мо бетаъсир нахоҳад монд. Зеро ин гурӯҳҳо фаъолияти худро бо маблағгузории хоҷагони бурунмарзии хеш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ғайрирасмӣ ва пинҳонӣ пеш бурда истодаанд. Ин гурӯҳҳо ғайр аз он, дар марзҳои гуногуни олам нооромиву низоъ ташкил намуда истодаанд, ки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун падидаи нораво эътироф гардидааст. Ба фикри мо, дар оянда ҳангоми идома додани фаъолияти хеш онҳо боиси баланд гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.

Ба маврид аз рӯи омӯзиш ва таҳлил қайд кардан зарур аст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар фаъолияти ғайриқонунии Ҳизби экстремистиву террористии наҳзати исломӣ (ҲНИ) ва аъзоёни он ба мушоҳида мерасад. Дар асл тарафдорони ҲНИ зимни фаъолияташон таҳти ниқоби Ислом ҳарф зада, фаъолияти хешро дар ҷомеа пеш бурданӣ ҳастанд. Вале дар амал аъзоёни ин ҳизб аз аркони дини мубини Ислом бехабар мебошанд.

Афсӯс, бархе аз фарди носолими кишвар аз шароити пешанамудаи ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пушбурди ҳаёт ва фаъолияти худ бо шукргузорӣ истифода набурда, ба идеологияи вайронаи ҲНИ ва дигар гуруҳҳои тундгаро боварӣ пайдо карда истодаанд. Барои он ҷавононе, ки гумроҳи ин гуруҳҳо гаштаанд муроҷиат намуда, гуфтанием: “Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ расем ва аз воқеаҳои ҷаҳон сабақ андӯхта, баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон сарбаландона заҳмат кашида, амалҳои номатлуб ва иғвоангезонаи ТЭТ ҲНИ-ро сахт маҳкум намоем”.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *