Изҳороти устодон ва донишҷӯёни факултети Иқтисодиёт ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ ба сокинони Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ

Дар моҳҳои охир ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷоми неки ҳодисаҳо дар Вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ нигарон аст. Зеро, ки мушкилоти ба сари сокинони ин вилоят омада моро бетараф гузошта наметавонад.

Мутобиқи моддаи 14-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамьиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

Тибқи моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба мақомотҳои мазкур ҳуқуқ ва ваколат дода шудааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои вобаста ба огоҳонӣ ва пешгирии ҷиноятҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти мақомоти амнияти миллӣ ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд, шахсони воқеъиро барои роҳ надодан ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ расман огоҳ кунанд.

Аз баромади иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, як қатор фаъолон ва шахсони масъул аз санаи 16.10.2018, Маросими савгандёдкунии саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа дар назди қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ мо фаҳмидем, ки дар Бадахшон барои иҷроиши ислоҳи камбудиҳо корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда истодааст. Ба ин муносибат ба халқи заҳматкаши вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чунин изҳорот баён мекунем:

  • тақдири халқи Бадахшон дар дасти худи бадахшониҳо аст;
  • аз қабули қарору иҷроиши амалҳои дуруст ба рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа такони назаррас мешавад;
  • мо умедворем, ки роҳбарони вилоят, шахсони мутасаддӣ, раисҳои маҳаллаҳо роҳи дурусти ҳалли мушкилоташонро меёбанд, халқро ба тинҷию оромӣ ва меҳнати суботкорона барои ободонӣ ҳидоят мекунанд;
  • бори дигар мегӯем, ки фирефтаи суханони бардурӯғи хоҷагони хориҷӣ нашаванд, онҳо пешравии кишвари моро чашми дидан надоранд, мақсади асосии онҳо ноором кардани фазои тинҷу ороми мо, дар байни мардум паҳн кардани ҳисси нобоварӣ ба роҳбарият, халалдор кардани пешравии минтақа дар корҳои ободонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошад.

Мо аз ҳама сокинони Бадахшон даъват ба амал меорем, ки ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ расида, фирефтаи андешаҳои муғризонаи гуруҳҳои ҷиноятпеша нагардед.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *