Вақтҳои охир аз тариқи матбуоти даврӣ огоҳ шудем, ки ташкилоти мамнӯъи бо ном “Ҳизби наҳзати ислом” дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар ва баъдан ҳам нияти табаддулот карданро доштаанд. Барои амалӣ шудани ин ҳадафашон ба онҳо аз хориҷа баъзе кишварҳои абарқудрати минтақа низ ёрии моддӣ ва маънавӣ мерасонидааст. Имрӯзҳо аз ҳаргуна шабакаҳои интернетӣ фикру ақидаҳои гуногун оиди ҲНИ баназар мерасад, ки баъзе гумроҳшудагон ин ташкилотро то ҳол пуштибонӣ мекунанд. Вале онҳо инқадар бемағзу ғуломтабиат шудаанд, ки то ҳол бо фикру андешаҳои бегонагон ва бадхоҳони миллати халқи тоҷик ақидаронӣ менамояд. Чунки табиати ғулом ин танҳо иҷрои амри хоҷаи худ аст, хоҳ он ба манфиати халқ бошад, хоҳ ба зиёни халқу миллат дигар иродаи худро надорад бояд иҷро намояд. Замоне ки дар он зиндагӣ дорем, басо пуртазоду сермуноқиша аст. Аз ин рӯ, бе андешаи солим ва хиради воло умр ба сар бурдан мушкил аст. Инсон ва ҷомеаро воқеан ҳам ақли расо ва хиради воло аз ҳама гуна хатари даҳшатбору марговар наҷот медиҳад. Имрўз дар Тоҷикистон фазои сулҳу осоишта фароҳам омада мардум ба меҳнати босуботу созанда ва бунёдкораи худ кўшиш ба харҷ оварда истодааст, ки фазои онро боз ҳам осоиштатар гардонад. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки бадхоҳони миллат дар нисбати ватан суханҳои носазо гӯянд.