Мардуми шарифи кишвари соҳибистиқлоламон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни фархундаи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои шоиста таҷлил намуданд. Бо шукӯҳу шаҳомати беназир ҷашн гирифтани ин санаи таърихӣ ва пешрафти бесобиқаи иқтисодию иҷтимоӣ маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаю талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, дар натиҷаи таъмини сулҳу оштӣ, суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои халқи азияткашидаи тоҷик муяссар гардид.
Чунонҷӣ огоҳӣ дорем, 15-уми сентябри соли равон Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон мулоқот доштанд. Дар он аз афзоиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ изҳори нигаронӣ карда шуда, ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳу аслиҳа, лавозимоти ҷангии ғайриқонунӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷоннок намудани фаъолияти мақрмоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, супоришҳои қатъӣ дода шуд.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар вилоят Ситоди байниидоравии мақомотҳои таъмини амният таъсис дода шуд ва алҳол фаъолияти он идома дорад. Ситоди байниидоравӣ дар ҳамкории зич бо мақомотҳои дахлдор ва шаҳрвандони ба ору номуси шаҳри Xopyғ дар самти ислоҳи камбудиҳои аз ҷониби Сарвари давлат таъкидгардида ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил шуданд.
Ҳамзамон, Ситоди байниидоравӣ ҳушдор медихад, ки бояд то охирин силоху аслиҳаи ғайриқонунӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ супурда шавад. Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд: «Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон дод, ки мо маҷрои рушди иқтисоди миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул кунем, сохтори давлатдориамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшем, иқтидорҳои нави иқтисодиро ба кор андозем, сокинони мамлакатро дар тамоми фаслҳои сол бо неруи барқ таъмин кунем ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар шароит ва заминаи мусоид фароҳам оварем».
Имтиёзи бузурги истиқлолу ваҳдат ин аст, ки миллатро соҳибихтиёр месозад, онро ба рангу наҷоди худ ва ба сурату забони худ шинос менамояд ва истиқлолу ваҳдат фақат шакли ҷаззоб дар рўи суннатҳои азими миллат ҳамоҳангӣ пайдо мекунад. Ҳар фарде, ки барояш мафҳумҳои «Ватан», «Истиклолият», «Ваҳдати миллӣ» муқаддас аст ва онро дарк менамояд, бояд баҳри таҳкими кишвар саҳмгузор бошад, чунки рушди минбаъдаи бонизоми Тоҷикистон ба амният, сулҳу суботи он вобастагии ногусастанӣ дорад.