Изҳороти шуъбаи магистратура ва докторантураи ДИС ДДТТ нисбати мардумфиребӣ ва қаллобии Иззат Амон

 

 Мо кормандони шуъба тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба боздошти Иззат Амон, бохабар ҳастем ва доир ба ин масоил ибрози андеша хоҳем намуд. Иззат Амон  солҳои тӯлонӣ асосан дар шаҳри Москаваи Федерастсияи Русия (ФР) истиқомат дошта, роҳи қаллобиро пеша карда, чандин шаҳрвандони кишварамон дар муҳоҷирони меҳнати қарор доштанд, ғорат кардааст. Барои содир намудани амалҳои номатлубаш, амиқтараш сохтакори намудани ҳуҷҷатҳои шиносномааш мақомоти дахлдори ФР шаҳодатномаи шаҳрвандии Иззат Амонро бекор кардааст. Дар асоси далелу нишондоди ҷабрдидагон Иззат Амон ба боварии даҳҳо нафар корафтодагон даромада, бо роҳи фиреб маблағҳои калони пулӣ гирифта, аз худ намудааст. Пӯшида нест, ки дар хориҷи мамлакат бархе аз муҳоҷирон аз надонистани ҳуқуқҳои худ ба ҳаргуна инсонҳои тасодуфӣ бовар карда, ба доми фиреби қаллобон меафтанд. Инчунин7ёдовар шудан бамаврид аст, ки Иззат Амон қаблан барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда буд ва дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт. Баъди аз Русия депортатсия кардан ӯ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони мақомоти қудратӣ дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Имрӯз оид ба ин масоил дар хориҷи кишвар тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ наҳзатиён, аз ҷумла роҳбари собиқ ҲНИ М.Кабирӣ , беасос садо баланд карда, ба ҳар васила ҳукумати кишварро танқид менамоянд ва мехоҳад нишон диҳад, ки Иззат Амон аслан гуноҳе надораду даст ба амалҳои ношоиста назадааст ва танҳо манфиатҳои муҳоҷиринро ҳимоя менамояд. М.Кабирӣ чизе барои баҳс наёфта пеш аз пода чанг мекунанд. Набояд фаромӯш кард, ки. қонун барои ҳама як аст – ҳар кӣ гунаҳгор бошад, дар назди он ҷавоб мегӯяд ва ҳар кӣ бегуноҳ аст, сиҳату саломат ба назди фарзандону пайвандонаш бармегардад.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *