ИЗҲОРОТИ ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОНИ ДИС ДДТТ ОИД БА МАҲКУМ НАМУДАНИ БАЁНИЯҲОИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ

Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки мақсади баёнияи аъзоён ва раҳбарони ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) асосан хиёнаткору хиёнатпешагонро гунаҳкор наҳисобида, танҳо аз давлату миллати тоҷик интиқод кунанд. Ҳамагон огаҳанд, ки пайравони ТТЭ ҲНИ ҳамеша бо кишварҳои кӯмаккунанда дар робита буда, то замони ба ҷиноят даст задан худро шоҳу табъашонро вазир меҳисобанд. Вале баъди ҷинояткориҳо ошкор шудан ва ба панҷаи қонун гирифтор гардидан бо интишори баёнияҳо худро бегуноҳ меҳисобанд.

То ҳол роҳбарону аъзоёни  ТТЭ ҲНИ бештар дӯсти қарини афроди ҷинояткор буданд, аммо пас аз содир кардани амалҳои навбатии зиддидавлатӣ магар бегуноҳанд! Ин як намуд худсафедкунии пайравони ТТЭ ҲНИ мебошад.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар як ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо чанд гурӯҳи ифротии худхонда, ба монанди  Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Миёна дар Варшава ва ё гурӯҳи нав таъсисдодаи собиқ ҲНИ бо номи «Паймони миллии …», ки калимаи Тоҷикистонро ҳамроҳ накарданамон сабаб дорад, хонандаи закӣ инро медонад. Моҳиятан созмони мазкур ҳамон ТТЭ ҲНИ қаблӣ бо номи нав буда, аз роҳбар сар карда то аъзоёну пайравон ҳамон наҳзатиҳои пешин ҳастанд.

Қайд кардан зарур аст, ки «Паймони милли…» (ПМ) тибқи қарори  шӯро лоиҳаи сохтори иҷроияи ПМ ва номзадҳоро барои баррасӣ пешниҳод намуда буд, ки дар ҳайати он танҳо афроди ҷинояткору хоин, гурезаву фирорӣ мебошанд.

Яке аз мақсадҳои ташкили ПМ дар он аст, ки мавқеи аз даст додаи ТТЭ ҲНИ-ро сафед ва ҳифз намуда, тибқи супориши навбатии ҳоҷагонаш бо тарҳрезии ҳодисаҳои ғайричашмдошт вазъияти кишварро бад кардан аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки  воқеан дар гузашта ва ҳоло низ андешаҳое дар расонаҳо матраҳгардида, асоснок шудаанд, роҳбарият ва пайравони ТТЭ ҲНИ-ПМ мавқеъҳои интиқодӣ нисбат ба ҳукумату давлат ва сокинони Тоҷикистон доранд. Ҳоло пайравони ТТЭ ҲНИ-ПМ  бо ақидаҳои ғаразнокаш бо истифода аз вазъияти душвор ва печидаи ҷаҳони муосир мисли ҳамеша омода аст, ки дар рӯзҳои хуруҷи бемории сироятии кооновирус дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва вазъи имрӯзаи ҳамсояи кишвар Афғонистон нисбати  давлату миллат нақшаи разилонаро амалӣ созад.

Дар интиҳои изҳороти хеш вобаста ба ин масоил, аз иқдомҳои сулҳпарваронаи Пешвои муаззами миллат ёдовар мешавем, ки чунин иброз намудаанд: “Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтанини низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.Таъкид месозам, ки хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд.Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд. Тавре ки ман борҳо таъкид карда будам, фаъолияти чунин равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд.”

Аз ин рӯ, мо ҷавонон бояд, ки аз ин гуфтаҳои Сарвари кишвар барои худ хулосаҳои ҷиддӣ гирифта, дар самти мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм дар сафи пеш бошем. Зеро, ки аз ин оромиву осудагии кишвар вобастагӣ дорад.

Мо ҷавононро зарур аст, ки ба қадри  сулҳу субот ва амнияту осудагии кишвар расида, дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама сарҷамъу паҳлӯи ҳамдигар истода, намегузорем бадхоҳони миллат байни мо тафриқа ангезанд ва ҳамаи он мақсаду ниятҳои нопокашонро, ки дар ботин мепарваранд,  барҳам зада, онҳоро қотеона маҳкум менамоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *