ИЗҲОРОТИ шуъбаи кор бо ҷавони ДИС ДДТТ оид ба дасисаву суханбозиҳои навбатии хоинони миллат дар шабакаҳои иҷтимоӣ (аз 29 октябри соли 2023)

Мо ҷавонони ДИС ДДТТ борҳо зимни изҳороту мақолаҳои хеш вобаста ба баромадҳои хоинони миллат анешаҳоямонро баён сохта будем. Ин навбат низ баён сохта қайд менамоем, ки раҳбарият ва ҳаммаслакони созмони ифротии худсохти наҳзатӣ бо номи “Паймони миллӣ” имрӯзҳо аз Аврупо истода аз нақшаҳои шуми худ даст накашида, боз заҳри худро ба кишвари соҳибистиқлоламон расонданӣ ҳастанд. Барои тасдиқи ин гуфтахо мисол меорем, ки ҳар ҳафта, аз ҷониби Муҳаммадиқболи Садриддин ва бо ҷалби ҳаммаслакону думравони “Паймони миллӣ” бо барномаҳои таҳрезишуда дар сомонаи “Ислоҳ. нет” дар барномаи ифротии “Минбари мухоҷир“ бо навбат баромад доир менамояд. Чунончи дар давоми моҳи октябри соли равон, аз ҷумла, санаи 29 октябр М.Садриддин дар барномаи “Минбари муҳоҷир” баромади ифротӣ намуд. Зимни оғози суханаш М.Садриддин асосан оид ба масоили таъмини оби нушокӣ дар шаҳри Душанбе, маҳдудияти барқ ва нисбати рахбарияти олӣ, аз ҷумла оид ба фаъолияти Сарвазири кишвар андешаи носолимашро баён сохт, ки он асосе надорад. М.Садридини бадкирдору хоин, ки фикри баду забони бадаш худашро заҳролуд кардаасту думравонашро низ!
Бояд қайд кард, ки дар барномаи навбатӣ ҳаммаслаку думравонаш, аз ҷумла Илҳом Ёқубов ва афроде бо номи Сулаймон ва дигаре Ҷамшед суханҳои кабеҳро пеша намуда, дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлоли кишварро нодида гирифта, ба мисли Кабирию М.Садриддин ҳамагонро ба ошӯб даъват намуданд. Дашному ҳақорат ва ғайбату тӯҳмати беасоси зикршудагон, аз ақли солим надоштанашон дарак медиҳад. Афроди номбаршуда шогирдони Кабирию М.Садриддин мебошанд. Хулоса, ба ин хоинони миллат бори дигар такроран гуфтанием, ки бо ин дасисаву суханбозиҳои навбатиатон чӣ мехоҳед?! Мард бояд якрӯву якзабон бошад. Шумо чанд рӯву чанд забон доред?! Агар мардона рафтор мекардеду миёнбанди тоҷикона дӯхташударо маҳкамтар мебастед, дар паҳлӯи мардони майдон истода, тамоми ҳастии худро ба ояндаи Тоҷикистон ба ободии рӯзгори мардуми хасташуда сарф мекардед. На гурезаву сарсону дарбадари мисли гадоён. Баробари ин, ҳаминро гуфтан мехоҳем, ки воқеан шахси солимақл, танҳо барои муттаҳидию ваҳдатофарӣ, ифтихори ватандорӣ, покизагии маънавию ахлоқӣ ва инкишофи давлат кушиш менамояд, байни ҷомеа нуфузу эътибори хосса пайдо мекунад, вале баръаксии ин хислатҳо бадбахтии роҳгумзада мебошад. Шахсе, ки алайҳи Модар ва Ватани хеш амалҳои номаҳрамро раво мебинад фардо дар назди миллату давлат ҳатман ҷавоб хоҳад дод!
Дар интиҳои изҳороти хеш мо- ҷавонони даврони соҳибистиқлол суханҳои иғвоангезони М.Садриддин, Илҳом Ёқубов ва думравонашро сахт маломат карда, лаънат мехонем. Ин душманони миллат бояд дарк намоянд, ки ҷомеа кайҳо руи ҳақиқии онҳоро шинохтааст ва ҳеҷ гоҳ пайрави онҳо нахоҳанд буд. Мардуми кишвар ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон итминони комил доранд ва намегузоранд, ки ин хоинони миллат сулҳу субот ва оромиро дар ҷомеа халалдор созанд. Боварӣ дорем, ки ҳар як фарди худогоҳи тоҷику тоҷикистонӣ сафедро аз сиёҳ, бадро аз нек, дӯстиро аз душманӣ фарқ мекунад, дигар бозичаи дасти хоинону ватанфурӯшон намегарданд. Дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ҳама сарҷамъу паҳлӯи ҳамдигар истода, намегузорем бадхоҳони миллат байни мо тафриқа ангезанд ва ҳамаи он мақсаду ниятҳои нопокашонро, ки дар ботин мепарваранд, барҳам зада, онҳоро қотеона маҳкум менамоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *