ИЗҲОРОТИ шуъбаи кор бо ҷавонони ДИС ДДТТ роҷеъ ба чорабинии “Марз-2021” ҷиҳати омодабошии ҷангии ҷавонони донишкада баҳри ҳифзи марзу буми кишвар

Мо, ҷавонони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар чорабинӣ таҳти унвони “Марз-2021″фаъолона ширкат варзидем. Соати 0400 субҳи 22 июли соли 2021 бо шунидани бонги “Хатар”дар қатори устодону кормандони донишкада, ки бештарашро ҷавоноро ташкил медиҳад дар мавзеи муйяншуда ҷамъ омадаем. Аз ҷониби Комиссарияти ҳарбии шаҳри Хуҷанд ҳолати омодабошии ҷангии ҳайати шахсии захираҳои сафарбарии шаҳр санҷида шуд. Бояд қайд кард, ки аз омодагии омӯзгорону кормандон ҳангоми иштирок дар чорабинии мазкур ҷавонони донишкада низ дар қатори дигар хизматчиёни низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баҳри ҳимояи оромии сулҳу субот ва амнияти давлати азизамон Тоҷикистон омода мебошанд.

Вақте ба адабиёти ҳазорсолаи миллати тоҷик назар меандозем, осон пай мебарем, ки ахлоқи ҳасана аз қабили дӯст доштани Ватан, эҳтироми падару модар, фарҳанг ва маданияти баланди инсонӣ, ростқавливу росткорӣ аз мавзӯоти меҳварӣ маҳсуб мешавад. Зеро, гузаштагони бонангу ори мо ба ин масоили муҳими зиндагӣ эътибори ҷиддӣ медоданд ва тарбияти инсони мукаммал ва арзандаи ҷомеаро аз вазифаҳои муқаддас мешумориданд. Махсусан Ватан ва ватандорӣ, ҳимояи марзу бум, омода будан барои дифои Ватан ва сокинони он саросари гуфтаҳои бузургонро ташкил мекунад. Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ ва дигарон ин мавзӯро борҳо дар осорашон зикр кардаанд. Чунончӣ, ин байти Саъдӣ аз маъруфтарин ва пуртаъсиртарин гуфтаҳо мансуб мешавад:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

             Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.

Воқеан, ҳар як ҳикмати ҳакимон ҳидоятгари мардум, хусусан ҷавонон мебошад. Мо, ҷавонон дар замони беҳтарин зиндагонӣ мекунем. Шукр мекунем, ки Ватани мо Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон орому осоишта зиндагӣ ба сар мебарем. Марзу буми Ватан бо хидмати ҳомиёни ҷасур ҳимоя карда мешавад.

Дар фарҷоми изҳороти хеш аз суханрониҳои Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, иброз медорем, ки таърих борҳо собит намудааст, ки дар таълиму тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон эътибори хоса зоҳир карда мешавад ва пояҳои он давлат қавию устувор мемонад. Бинобар ин мо, ҷавонон дар пайравӣ ба Пешвои маҳбуби миллат баҳри ободии ин Ватан, ин сарзамини аҷдодиамон хизмат мекунем, агар лозим ояд ҷонамонро дареғ намедорем! Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *