Мо кормандони шуъба нисбат ба амалҳои иғвогаронаи ТТЭ ҲНИ, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ баромад намуда истодаанд, ибрози андеша намуда қайд менамоем, ки айни ҳол роҳбари он хоини миллат Муҳиддин Кабирӣ, баъд аз кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз ватан фирор карда, дар кишварҳои Аврупо дур аз ватан, худро мусичаи бегуноҳ шуморида, тибқи дастури хоҷагони хориҷӣ дар сар нақшаҳои дигари иғвою тахрибкорона дорад. Ӯ аз хориҷа тавассути сомонаҳои интернетӣ, алалхусус дар барномаи ифротӣ бо номи “Паймонӣ миллӣ” баромад намуда, дастовардҳои кишвари моро нодид мегирад ва кӯшиш дорад, Тоҷикистони соҳибистиқлолро бадном кунад, зеро ба ҷуз иғвогарӣ дигар коре надорад. Воқеан дар урфият мегӯянд, ки вақт довар аст ва офтобро бо доман пӯшида намешавад. Имрӯз ҳама хуб медонанд, ки ТТЭ ҲНИ ва пайравонашу раҳбараи он Кабирӣ кистанд ва чӣ ният доранд!
Ба фаъолияти қаблӣ ва кунунии ТТЭ ҲНИ агар назар афканем, мушоҳида мешавад, ки ашхосе ба ин ташкилоти ифротгароён шомил шудааст, оқибат тақдири ояндааш месӯзад. Яъне ё паси панҷара мешавад ва ё бехонаву дар ё аз ҳамсару фарзандонаш ҷудо ё зану фарзандонашро бо дасти худ ваҳшиёна ба қатл мерасонад ва ё дур аз Ватан ба ёди ёру диёр умр ба сар мебарад.
Ҳаммаслакону пайравони ТТЭ ҲНИ умуман ин хоинони миллати баҳамагон маълум ва ҳочагони хориҷиаш бояд донанд, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанро, ки аз меваҳои шаҳдбори сулҳу субот ва истиқлолу ваҳдати миллӣ чашидаанд дигар гумроҳ наметавон кард.
Миллати тоҷик, ки тӯли қарнҳо арзи ҳасти намудааст, имрӯз низ мақому манзалати хешро дар байни дигар давлатҳо дар арсаҳои баландпояи ҷаҳони муаррифӣ менамояд ва Тоҷикистон чун ба маънои томи худ тоҷдор бо халқу мардуми куҳантамаддунаш бо пояҳои устувору мустаҳкам ҷовидона боқӣ мемонад.