Изҳороти шуъбаи  кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқи ДИС ДДТТ доир ба филми мустанади «Хиёнат»

 

         Мо кормандони шуъба кадрҳо ва таминоти ҳуқуқӣ дар соли равон  тариқи барномаҳои телевизонии вилояти Суғд, аз қабили «Танин» , «Азия», «Диёр»  ва бо баробари ин дар донишкада филми мустанад бо номи «Хиёнат»-ро тамошо намудем. Дар филми мазкур бо далелҳои амиқ оид ба даст доштани ТТЭ ҲНИ ва роҳбари он М.Кабирӣ  вобаста ба оғоз шудани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ ва ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди миллати тоҷик содиршуда буданд, бо далелҳои амиқ намоиш дода шуд. Инчунин бо тасдиқу далелҳо аз ҷониби  хешовандони М.Кабирӣ, аз ҷумла,  додарарӯсаш бо номи Муҳаммадалӣ Раҳматуллоев ва  ронадааш Ҳикматулло амалҳои содирошудаи собиқ ҲНИ  тасдиқи худро ёфтанд.  Воқеан бе назардошти ин далелҳо ҳам, рӯз аз рӯз ҷеҳраи манфури собиқ аъзоёни ҲНИ ва роҳбари он аён шуда, ақидаҳои ғаразонаю тундравонаи онҳо ошкору тасдиқи худро ёфта истодааст. Бори дигар М. Кабириро таъкид менамоем, ки инсон бояд дар ҳаёт роҳи некро интихоб кунад, чунки роҳи рост инсонро ба роҳи нек ҳидоят мекунад: росткорӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, инсонпарварӣ, меҳру муҳаббат, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҷодкорӣ ва сулҳу салоҳро талкин мекунад. Фаромӯш набояд кард, ки инсон дар назди Ватан баробари доштани ҳуқуқ ва озодиҳо, инчунин ӯҳдадориҳо ва масъулияти бузург дорад. Аммо М.Кабирӣ то ҳол бо ҷаҳлу ҳирси худ қурбонии бозии навбатии сиёсию  манфиатҳои хоҷагони хориҷӣ шудааст.Ҷои таассуф аст, ки ному симои назҳатиён ҳамчун хиёнаткори халқу ватан ва ҳамчун бегонагон дар таърихи миллати мо сабт хоҳад шуд.

Воқеан филми ҳуҷҷатӣ “Хиёнат” комилан натиҷаи таҳлилу баррасии хубу огоҳонаи вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯзу фардо маҳсуб меёбад. Хулоса, ҳадафи асосии мо он аст, ки пас тамошои филми мазкур алалхусус ҷавонон хулосаи зарурӣ бароварда, аз суботи давлат ва муносибати давлатӣ огоҳии том дошта, роҷеъ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ маълумот дошта бошанд. Имрӯз ҷавонони даврони соҳибистиқлол бояд зиракию ҳушёриро аз даст надода, дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ бо давлату Ҳукумат ҳамкории фаъолро ба роҳ мондан, тақозои замон аст.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *