Изҳороти шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии  ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба филми мустанад бо номи “Хиёнат”

Мо кормандони шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии донишкада тариқи телевизионҳои ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ филми мустанад таҳти унвони «Хиёнат», ки моҳҳои июл ва охири августи соли равон пахш шуда буд, тамошо намуда, паҳлуҳои муҳтавои онро, мавриди муҳокима қарор додем. Дар филми зикршуда нисбати фаъолияти аъзоёни собиқ ҲНИ доир ба даст доштани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ ва ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди миллати тоҷик аст, бо далелҳо тасдиқ шуда, бо ҳамагон ҷиноятҳои назҳатиён боз аёнтар шуд.

Дар филми мазкур яке муассисони ташкилоти террористӣ-экстремистӣ собиқ ҲНИ Сатторов Аёмиддин вобаста ба амалҳои террористӣ ва ошуби дар қаламрави Тоҷикистон содиршударо шарҳу эзоҳ дода, ҷиддан М.Кабириро айбдор ва гунаҳкори асосӣ шуморид. Бо баробари ин додарарӯси М.Кабирӣ бо номи Муҳаммадалӣ Раҳматуллоев, ронадааш Ҳикматулло Сайфов ва ҳамчунин як қатор ҳамдиёронаш бо мисолҳои амиқ М.Кабириро зери эроди ҷиддӣ қарор доданд.

Мо кормандони шуъба кирдорҳои ҷинояткоронаю ғаразонаи аъзоёни ташкилоти терроритию экстремистии собиқ ҲНИ-ро маҳкум мекунем ва намегузорем, ки душманони Ватан минбаъд нақшаҳои нохалафи худро амалӣ кунанд. Бо баробари ин ҷавононро ба созандагиву ободкории Ватан даъват  ба амал оварда, ёдовар мекунем, ки ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва Ватани азизи худро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.

Бо назардошти масъалаи матраҳгардида метавон қайд кард, ки аз тамошои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” мардуми осоиштаи кишвар, алалхусус мо ҷавонон хулосаи зарурӣ бароварда, ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа ҳама муттаҳид шуда, намегузорем, ки хиёнаткор М.Кабирӣ имрӯз тибқи дастури хоҷагонаш бо ҳар гуна роҳҳо тинҷиву оромии ватани азизи моро халалдор намояд. Имрӯз модарону калонсолон пеш аз ҳама омӯзгорону волидонро лозим меояд, ки дар тарбияи насли наврас минбаъд низ масъулиятшиносӣ зоҳир намуда, дар зеҳну шуури  онҳо ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро ҷой дода, ҷиҳати амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистион “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” тадбирҳои муассир андешанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *