Изҳороти шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии ДИС ДДТТ нисбати  ҷиноятҳои содирнамудаи Иззат Амон

 

Мо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бохабар ҳастем, ки Иззат Амон дар Россия истиқомат намуда, дар давоми беш аз бист сол бо роҳи фиребу найранг, бо баҳонаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз даҳҳо нафар маблағҳои калони пулӣ гирифта, онро аз худ кардааст. Тибқи маълумоти расмӣ Иззат Амон аз сабаби риоя накардани қоидаҳои будубош ва бо роҳҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба шаҳрвандии Федератсияи Русия, бо қарори додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Москва аз ҳудуди Федератсияи Русия ронда шуд. Бо баробари ин Иззат Амон қаблан барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда буд. Бояд ёдовар шуд, ки Иззат Амон қаблан дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт ва баъди истирдод (депортация) кардан ӯ аз Русия дар шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони мақомоти дахлдор дастгир ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Оид ба амалҳои номатлубаш мисол меоварем.Дар асоси маълумоти ВКД ҶТ Иззат Амон бо мақсади аз маҳбас озод кардани шаҳрванд Шарипов Ҳасан, ки бо гуноҳи машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар Федератсияи Россия қарор дорад, аз бародари номбурда Шарипов Бобоҷон, сокини ноҳияи Восеъ бори аввал 40 ҳазор рубли русӣ ва маротибаи дуюм 1000 доллари ИМА талаб карда мегирад. Худи ӯ Изат Амон ҳамчун ҳуқуқшинос дар ҳаракатҳои тафтишотӣ умуман иштирок накарда, барои ҳимояи айбдоршаванда Шарипов Ҳасан ягон кор анҷом надодааст ва кӯмаки ҳуқуқӣ низ нарасонидааст. Инчунин ӯ худро “ҳомии муҳоҷирони тоҷик” нишон дода, дар бораи сиёсати кишварамон аз номи муҳоҷирон гапҳои росту дурӯғ паҳн мекунад. Масалан дар яке аз мусоҳибаи телевизионӣ роҳбарони ҳизби ғайриқонунии собиқ ҲНИ-ро “мусичаи бегуноҳ” нишон медиҳад.Чунин мисолҳо хеле зиёданд.

Мо кормандони шуъба боварӣ ҳосил намудем, ки чунин одамони қаллоб, фиребгар, аз бехабарии мардум ва муҳоҷирон аз асли воқеа истифода мебарад. Ҳар як гап ва ҳар як қадами чунин разилон бар зарари ҷамъият аст. Мо бояд ҳақиқатро аз дурӯғ, фарқ кунем, ба шаҳрвандоне, ки дар муҳоҷират қарор доранд, ба худ хулосаи зарурӣ бароварда, минбаъд фирефтаи чунин қаллобон нагарданд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *