ИЗҲОРОТИ шуъбаи илм ва инноватсияи  ДИС ДДТТ вобаста ба суханҳои ихтилофангези бадхоҳони миллат

Мо кормандони шуъба тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ огаҳ ҳастем, ки солҳои охир бадхоҳони миллат тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ дар барномаи ифротиашон баромад намуданашон ба мушоҳида мерасад.

Дар иртибот ба ин бояд қайд кард, имрӯзҳо раҳбарияту ҳаммаслакон ва думравони ТТЭ ҲНИ- ПМ, бо пуштибонии хоҷагонаш  дар кишварҳои Аврупо паноҳ ёфта, чун солҳои 90-уми асри гузашта бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки кишвари моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Воқеан мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки роҳбари ТТЭ ҲНИ  Мухиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш, аз зумраи бадхоҳони миллатанд, онҳо нафароне ҳастанд, ки аз шукуфоии Тоҷикистони имрӯза дар таҳлука афтодаанд. Бадхоҳони миллат ба ғайр аз тӯҳмату ғайбат дигар коре надоранд. Ҳаммаслакону думравони ТТЭ ҲНИ аз ибтидои фаъолияташон  ба пешрафту тараққиёти кишвари мо, сулҳу суботи пойдор назари нек надоштанд ва  имрӯз низ пеш аз ҳама барои манфиати шахсӣ мақсад доранд, ки вазъияти кишварро тағйир диҳанд. Мақсади дигари муассисону мубаллиғони ТТЭ ҲНИ  дарёфти пулу сарватҳои муфт мебошад.

Дар урфият мегӯянд, вакт довар аст ва таърих гувоҳ. Воқеан ҳақикати таърих дар руи об аст, ки пайравону аъзоёни ТТЭ ҲНИ, зери роҳбарии Кабирӣ, кистанд ва чӣ ният доранд. Хулоса мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии ин бадхоҳони миллат комилан бовар намекунанд.

Хулоса натиҷаҳои нохалафиву ватанфурӯшии аъзоёну думравони ТТЭ ҲНИ бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани ифротгароӣ, умуман нисбати бадхоҳони миллат- ТТЭ ҲНИ  муборизаи беамон мебарем!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *