Мо кормандони шуъба тавассути шабакаи иҷтимоӣ, амиқтараш аз моҳи ноябри соли 2022 дар сомонаи “Радиои Озодӣ” як сабти наворӣ, бо иштироки Шарофиддин Гадоев, ки яке аз фаъоли пайрави “Паймони миллӣ” мебошад, оид ба амалиёти махсуси низомии Русия нисбат ба Украина бо забони тоҷикӣ пахш шуд буд, тамошо намуда, вобаста ба он зимни изҳорот андешаи хешро иброз медорем.
Ҳар фарди солимақл зимни намоиши навор бе душворӣ дарк карда, хулоса карданаш мумкин аст, ки Гадоев Ш., дар давоми 15 рӯз аз сатҳи зиндагонии сокинони шаҳрҳои Одесса, Харков ва Киеви Ҷумҳурии Украина аз наздик ошно шуда, бо таври худ вазъиятро бо андешаи носолимаш нисбат ба амалиёти махсуси Федератсияи Россия баён намуд. Вобаста ба ин аз Гадоев Ш. пеш аз ҳама пурсида мешавад, ки ним моҳ дар “сафар” буд, аз кадом ҳисоб ва ё кадом ташкилот маблағгузорӣ шудааст ва мақсади сафар дар чист? Ба ин суол амиқтараш посух ин аст, ки Гадоев Ш. аз ҷониби хоҷагони хориҷии манфиатдор барои амали намудани супориши навбатӣ сафарбар шуда, кишвари Украинаро пуштибонӣ ва амалиёти махсуси қушунҳои низомии Росияро зери эрод гирад. Гарчанде ин масоил сиёсати дохилии кишварҳои Русияву Украина аст. Дар ин бора Ҳукумати Тоҷикистон, вазорати дахлдори кишварамон нисбати шаҳрвандони хеш барои дахолат накардану шомил нашуданон ба ин амалиёти мазкур огоҳ карда шудаанд. Вале Гадоев Ш.-и фирорӣ аз ин маълумот надорад ва шояд бохабар бошад ва ё худро ба нодонӣ мезанад. Хулоса мақсаду амали Ш.Гадоев аён аст,ки ҳоҷат ба баён нест!
Хуллас, Ш.Гадоев бо сабти видиеои навбатиаш худро пеши ҳамагон “сисатшиноси доно” ва “раҳмдил”-ӣ нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Украина нишон додан мехоҳад. Гуё пайравони ТТЭ ҲНИ “адолатпарвар” бошад. Хулоса бадхоҳон гумон доранд, ки ин талќини тасаввуроти нодуруст аќидаи сокинони кишварро дигар кунанд. Лекин ҳама талоши пайравони ТТЭ ҲНИ барои мо афсонаи гӯшхарошест, ки дигар шуниданаш маъние надорад. Чунки ҳақиқатро бо сафсата, дурӯғ ва фиребу найранг пинҳон кардан мумкин нест. Хулоса, суханҳои навбатии Гадоев Шарофиддин назарсанҷӣ карда, онро якдилона маҳкум менамоем.
Мо кормандони шуъба дар фарҷоми изҳороти хеш ќайд менамоем, ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд. Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.