Мо кормандони шуъба тариқи расонаҳои хабарӣ огаҳ ҳастем, ки имрӯзҳо яке аз хиёнаткори фирорӣ, аъзои ТТЭ ҲНИ Муҳммадиқболи Садриддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ, чун солҳои қаблӣ худро “улмои дини мубини Ислом” шуморида, мардумро гумроҳ кардан кӯшиш намуда истодааст. Масалан, дар давоми моҳи октябри соли ҷорӣ Муҳаммадиқбол дар яке аз барномаи ифротиаш худро боз “ҳақиқатҷӯ ва пуштибон”-и муҳоҷирон вонамуд карда, бо ин васила нисбати фаъолияти роҳбарияти олӣ ва мақомотҳои қудрати кишвар санги маломат зада, ғайбати беасос намуд. Бо баробари ин яке аз пайравони наҳзатиён Ашӯров Ҳусейн низ баромад намуда, суханбозиҳои сафсатаи ифротиро пешаи худ намуд.
Ба хоинони миллат – М. Садриддин ва Ашӯров Ҳ. бори дигар таъкидан гуфтанием, ки аз ҳар минбару барномаҳои ифротиашон номи Тоҷикистони азизро ба забон наоранд!
Бо баробари ин қайд кардан зарур аст, ки мутаассифона, имрӯз дар як қатор давлатҳо, аз ҷумла, дар Афғонистон ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст. Ҳамаи ин воқеияту рӯӣдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва тахдидҳои нав ба тамадуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнията давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатго такдири тамоми ахди башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Ин ҳодисаҳо бори дигар исбот намуданд, ки терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст. Вобаста ба ин ҳолат, моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, ба мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ намоем.
Дар фарҷоми изҳорот мо кормандони шуъба суханҳои хоинони миллатро шадидан маҳкум намуда, ба ҳар як фарди боору номуси кишвар даъват ба амал меорем, ки ҳама якҷоя зидди хоинони миллат муборизаи беамон бурда, нагузорем, ки М.Садриддин, Ҳ. Ашӯров ва дигар ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо тӯҳмату ғайбат нисбати Тоҷикистони соҳибистиқоли мо сухан гӯянд.