
Мо, кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати дар шаҳри Хуҷанд қаблан зимни изҳороту мақолаҳои хеш борҳо нисбати Беҳрӯз Тағойзода, ки яке аз ҳаммаслаки фаъоли ҳаракати мамнуъ дар кишвар бо номи “Гурӯҳи 24” мебошад, андешаҳоямонро иброз дошта будем. Ин навбат низ вобаста ба иғво ва фитнаандохтани ин афрод андешаҳоямонро баён месозем. Бояд ёдовар шуд, ки имрӯзҳо Б.Тағойзодаи фирорӣ, умаман аъзоёни фирории ҳаркати зикршуда бо ёрии хоҷагонаш дар кишварҳои Аврупо паноҳандагӣ ва лонаи истироҳат ёфта, барои бадном кардани сиёсати одилонаи имрўзаи Ҳукумат роҳҳои ғаразнокро пеша кардаанд. Тариқи расонаҳои хабарӣ огаҳ ҳастем, ки зимни фаъолияти тахрибкоронааш Б.Тағойзода дар давоми соли равон дар барномаи ифротӣ бо номи “Садои мардум ”муҷрии барномаро ба уҳда гирифта, тавассути шабаҳои иҷтимоӣ дар давоми соли ҷорӣ моҳе се маротиба, аз ҷумла моҳи ноябр санаҳои 17, 24, 25 ноябр ва 1 , 8 декабри соли равон баромад намуд. Мавсуф бо ҷалби думравонаш дар барномаи зикршуда асосан нисбат ба ҳамзабонони худ бадгўӣ, тафриқаҷўӣ, хусумат ва суханони зишт нисбати Ҳукумати Тоҷикистон садо баланд баланд намуд.Бо ин бозии навбатӣ Б.Тағойзода ва яке аз думраваш Абдуҳалим Сафаров барои аз байн

рафтани ҳамдигарфаҳмии сокинони кишвар талош карданд. Хушбахтона, онҳо ангуштшуморанд ва ғайр аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономези беасос дигар коре надоранд. Хулоса, мақсади навбатии ҳаммаслакони фирории “Гуруҳи 24” , бахусус Б.Тағойзода нотинҷӣ дар кишвар, аст. Дар ин самт моро мебояд, ки иродаи матин ва шикастнопазирро нисбати чунин падидаҳои хавфнок чӣ дар сатҳи саросарии миллӣ ва чӣ дар сатҳи фардиву иҷтимоӣ мустаҳкам намоем.
Дар фароварди изҳороти навбатиии хеш хулосабарорӣ намуд қайд кардан зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои душманони миллат дода нашавем. Ба мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ намоем ва аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем. Мо ҳама вақт баромадҳои иғво ва фитнаандохтани бегонапарастонро маҳкум намуда, нагузорем, ки ифротгароёни зикршуда, умуман наҳзату навзаҳатиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати Тоҷикистони соҳибистиқлоламон сухан гӯянд. Ин аст, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси ватандӯсту меҳанпарварӣ равшандили кишвар!
