

Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд зимни изҳоротҳои қаблиамон нисбати баромадҳои иғвоангезонаи бадхоҳони миллат, бахусус нисбати роҳбарият ва ҳаммаслакони худсохти наҳзатӣ бо номи “Паймони миллӣ” андешаи хешро иброз намуда, баромадҳои ифротиашонро шадидан маҳкум намуда будем.
Дар изҳороти навбатиамон нисбат ба баромади навбатии афроди бадманиш – М. Садриддин, ки санаи 18 октябри соли равон, дар сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ. нет”, барноми “Минбари муҳоҷир” баромад намуд, хулосабарорӣ намуда, адешаи хешро иброз медорем. Аз баромади навбатии М. Садриддин ҳар як фарди солимфикр, бе ягон мушкилӣ пай мебарад, ки ин баромадаш низ бо маслиҳати пешакии раҳбараш, бо ибораи дигар устодаш Кабирӣ таҳрезӣ шудааст. Бухлу ҳасад дар вуҷуди роҳбарияту пайравони “Паймони миллӣ”, ки ба сарқути мизи хоҷагони дасисабози хориҷӣ иваз намудаанд, бори дигар собит менамояд, ки майнаашон олудаи палидию ғашиҳо асту дар он саводи казоӣ, умуман барои беҳбудии ҷомеа вуҷуд надорад. Зимни баромад афроди бадманиш, яъне бадфикру бадақида, айнан чун баромадҳои қаблиаш худро “уламои дин” шуморида, ободӣ, пешравӣ ва рушди мунтазам ва босуръати кишварро нодида вонамуд карда, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ташвиқ намуд. Пас аз намоишкории ифротӣ риштаи суханро ба Кабирӣ дод. Дар баромадаш М. Кабирӣ вобаста ба иштирок дар нишасти навбатии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) сухан ронд. Доир ба ин масоил суолҳои зиёд ба миён меоянд, ки чаро намояндаи мухолифини кишвар – “Паймони миллӣ“ дар ҷаласаи навбатии САҲА иштирок дошт?! Дар иртибот ба ин, мо қаблан зимни изҳоротҳои хеш зикр дошта будем, ки фаъолият ва мақсади асосии ташиколоти байналмилалии зикршуда барои таъмини бехатари ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд равона карда шавад. Қаблан САҲА борҳо бо сабабҳои номуайян ба гурӯҳҳои низоангези ҷомеа барои дар ҷаласаҳояш ширкат варзидан, иҷозат дода буд. САҲА дар нишасти навбатиаш низ ба гуруҳи ифротӣ иштирок намуданро иҷозат додааст. Пас суол ба миён меояд, ки магар САҲА аз ин гуруҳҳои ифротӣ манфиатдор аст?! Барои равшанӣ андохтани ин масоил ҳоҷат ба баён нест. Зеро хонандаи закӣ ин ҳолатро дарк менамояд. Хулоса, таъкидан қайд менамоем, ки САҲА бояд танҳо барои ҳимояи хифзи ҳуқуқу бехатарии шаҳрвандон, амнияти кишвар фаъолияташро ба роҳ монад, на барои ҳимояи гурӯҳҳои терористию ифротгароӣ!
Баробари ин, бояд қайд кард, ки Кабирӣ дар рафти баромадаш нисбат ба роҳбарияти олии кишварҳои ИДМ, аз ҷумла: роҳбарияти олии ҷумҳурияҳои Қазоқистону Узбекистон, Туркманистон ва Федератсияи Россия андешаи носолим баён кард. Ба андешаи мо нисбати кишварҳои зикршуда, ки бо давлати мо робитаи дўстию ҳамкорӣ доранд ва умуман, нисбат ба шахсиятҳои шинохтаи сатҳи байналмилалидошта, ҳар шахс бояд эҳтиёткорона сухан гўяд! Аммо, Кабирӣ ва пайравонаш баракси ҳол амал мекунанд! Хулоса, бадномкуниҳо шабеҳи туҳматҳои қаблӣ ҳаст, аммо бо шаклу намуди дигар.
Ба андешаи мо имрўз худсохти наҳзатӣ-“Паймони миллӣ” дар киштии ғарқшаванда қарор доранду, чун калламушон барои наҷот ёфтан худро ба ҳар кў мезананд. Аз назари ақидавӣ ва маънавӣ таъсиси паймон — ин фанои ниҳоии ҲНИ аст ва як навъ санги мазори ин ҳизб аст.
Дар интиҳои изҳороти хеш мо ҳамаи баромадҳои фаъолияти афроди бадманиш-М. Садриддин, М. Кабирӣ ва пайравонашро инкор ва шадидан маҳкум намуда, аз тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон, хоса тоҷикони бурунмарзӣ даъват ба амал меорем, ки минбаъд низ зиракии сиёсиро аз даст надода, барои решакан намудани ғояҳои ифротгароии хоинони миллат камари ҳиммат баста, бар зидди заҳҳоксифатону иблисрӯёни аҳмақнамо муборизаи беамон бояд бурд!