ИЗҲОРОТИ шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТ дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба баромадҳои иѓвоангезонаи ҳаммаслакони паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли..” дар сомонаи ифротии “Ислоҳ нет”(Ислоҳ.ТВ) (аз 11 феврали соли 2024)

Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар асоси мушоҳидаву таҳлилҳои солҳои охир оид ба ифротгароӣ ва терроризм андешаҳоямонро ибороз менамоем, ки ин падидаи номатлуб ба омили идеологияи душмансозӣ мубаддал гардида, ҳадафи асосӣ ба минтақаи ҷангу нооромӣ табдил додани ҷомеаи ҷаҳонӣ, асосан ба Осиёи Марказӣ равона шудааст. Чунончи имрузҳо паймони худсохти наҳзати -“Паймони миллӣ” тибқи идеологияи тундгароии динӣ амал карда, соли сипаригардида ва аз оғози соли нави 2024 фаъолияти тарғиботӣ-ташвиқотии худро бо истифода аз он ҷиҳати сафарбаркунии ҷомеа ба ҳолати зиддиятнокии сиёсӣ кўшиш намуда истодааст. Диққати асосии тарғиботи онҳо бадномкунии сохтори иҷтимоию сиёсии ҷомеаи имрӯзаи мо равона карда шудааст. Раҳбарияту ҳаммаслакон ва пайравони “Паймони миллӣ” дар давоми моҳи январ ва феврали соли равон, бахусус Муҳҳаммадиқболи Садриддин ҳафтае ду маротиба дар сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ. нет”(Ислоҳ ТВ), дар барномаи “Минбари муҳоҷир”бо ҷалби думравонаш бо навбат баромад намуда, ободӣ, пешравӣ ва рушди мунтазам ва босуръати кишварро нодида вонамуд карда, ҳар як камбудӣ ва норасоиҳои ночизро бо муболиғаву воҳима ташвиқ менамоянд. Ин навбат санаи 11 феврали соли равон Муҳамамадиқбол боз “уламои дин шуморида ”бо ҷалби думравонаш Абдухалил Восеев, Муҳаммад Тағоев ва ашхосе бо номи Муслима, дигаре Мамадамин дар барномаи дар боло зикршуда баромади ифротӣ намуда, бо истифода аз номи халқ, шаҳр ва ё ким-кадом ниҳодҳои ормониашон иғвову буҳтонҳо бофта ва бо намоиш додани видиео наворҳои бе мантиқ мехоҳанд, халқи муттаҳиди кишварро аз нав ба сангару маҳаллҳо ҷудо кунанд. Баробари и, баромади ифротии думраваш М.Тағоев, ки оид ба масоили муҳочират ва корхонаҳои саноати кишвар сухан ронд,ки гуё сиёсати муҳочирати меҳнатӣ ва саноатро медониста бошад. Инчунин нисбат ба роҳбарияти олиикишвар ва раиси вилояти Суғд сухани кабеҳ гуфта туҳмату ғайбат намуд. Афроди номбаршуда, умуман наҳзатиҳои фирорӣ имрӯз на танҳо аз ҷавҳари ҷавонмардиву оини мусалмонӣ дуранд, балки шарти инсонӣ ҳам, ки диду амали нек аст, бегонаи онҳост.
Дар фарҷоми изҳороти хеш хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем,ки мардуми диёрамон як маротиба рўзҳои сахт, азобу шиканҷаҳо, сарсонию саргардонӣ ва ғаму андўҳҳои зиёдеро аз сар гузарониданд. Имрўз то чӣ андоза муҳим будани сулҳу салоҳ ва хотирҷамъиро дарк карданд, муйро аз хамир ва бадию хубиро аз ҳам ҷудо карда метавонанд. Хулоса, гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии наҳзатиҳо аён аст! Мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии ин хоинони миллат бовар намекунанд ва муқобили ин гуна ашхосони мубориза мебаранд, ки нақшаҳои ифроткоронаи онҳо амалӣ нагардад ва онҳо заррае ҳам ба Тоҷикистони биҳиштосо таъсир расонанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *