Изҳороти шуъбаи тарбияи ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд оид ба филми мустанад бо номи “Хиёнат”

 

Дар давоми охири моҳи июн ва ҳафтаи аввали моҳи июли соли равон тариқи шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ филми ҳуҷҷатӣ бо номи «Хиёнат» намоиш дода шуд. Дар филми мазкур оид ба фаъолияти аъзоёни ТТЭ ҲНИ далелҳои зиёдеро доир ба даст доштани ин ташкилоти террористӣ дар оғоз намудани ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани амалҳои террористӣ ва ҷиноятҳои мудҳиш бар зидди миллати тоҷик аст, бо далелҳои амиқ намоиш дода шуд. Воқеан вақт довар аст, ки имрӯз нисбати паҳлуҳои фаъолияти ҲНИ дар сатҳи байналмилалӣ низ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, он расман Ташкилоти террористӣ-экстремистӣ Ҳизби назҳати исломӣ дониста шудааст. Дар иртибот ба ин бояд ёдовар шуд, ки моҳи августи соли 2018 дар шаҳри Қоҳира, шаҳраки Маодии Ҷумҳурии Арабии Миср Конференсияи байналмилалии илмӣ-тадқиқотӣ таҳти унвони «Миср ва Тоҷикистон дар муборизу бар зидди созмонҳои террористӣ, омӯзиши тафсилии фаъолияти “Ихвон-ул-муслимин” ва Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби назҳати ислом”, баргузор гардида буд, ки ин мисоли равшан ва далел аст. Инчунин дар сомонаи «Амон» перомуни фаъолияти ТТЭ ҲНИ тадқиқот анҷом дода, маълум намуд, ки ин ҳизб бар асоси идеологияи Ҳасан Бано – таъсисдиҳандаи «Ихвон-ул-муслимин» ва Сайид Қутб – ақидасоз ва Абу Аъло ал-Мавдудӣ, ки устоди «Қутб» ба шумор меравад. Ин гуна мисолҳо хеле зиёданд илова бар ин дар филми зикршуда аз ҷониби собиқ аъзои ҲНИ афрод бо номи Сатторов Аёмиддин ва додарарусу ронандаи шахсии М.Кабирӣ бо мисолҳои амиқ роҳбари ҳизби зикршударо зери эроди ҷиддӣ қарор доданд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон пас аз тамошои филми “Хиёнат” хулосабарорӣ хоҳанд намуд ва  ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои ифротӣ наҳоҳанд шуд.

Бо назардошти масъалаи матраҳгардида ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсиии ҷомеъа мо ҳама бояд муттаҳид бошем ва фаъолияти аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро шадидан маҳкум намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *