Дар урфият мегуянд ; «Гургзода оқибат гург шавад»,ки ин ба косалесон ва нонхурони ХНИ ва ё ба ном «Анҷумани озодандешони тоҷик » таалуқ дорад рост аст. Аз солҳои 90 қарни гузашта ҲНИ бо дархости хоҷагони хориҷии худ бештар ҷавононро ба худ ҷалб намуда сафи худро дар Тоҷикистон зиёд намуд. Соли 1991 ҲНИ расман ҳамчун ҳизби сиёсӣ дар саҳни сиёсат пайдо гардид. Аммо касе намедонист, ки онҳо нияти нопок доранд. Онҳо нақшаҳои худро пинҳонӣ то чанде дар амал татбиқ намуданд ва ин боис гардид, ки дар ҷумҳурӣ ҷанги дохилӣ сар занад. Пас аз итмоми ҷанги шаҳрвандӣ онҳо боз бо нақшаҳои ғаразноки хеш руи майдон омадани ҳастанд.
Дар расонаҳо имрӯз оид ба яке аз маслакони ТТЭ ҲНИ, яъне «Анҷумани озодандешони Тоҷик» хабарҳо паҳн гардидааст. Ин «Анҷуман» на озодандешон ҳастанд, балки хоинону ватанфурўшон ҳастанд. Ин як бозии навбатии хом аст. Мушоҳида нишон медиҳад, ки «муассисон»-и ин анҷуман дар асл ҳамон афроди наздик ба Раиси ТЭТ ҲНИ М.Кабирӣ буда, маошхӯрону ҳамфикрони ӯянд. Маҳз ҳамин афрод дар конфронсу ҳамоишҳои хориҷӣ дар канори М.Кабирӣ нишаста, дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолияти ТЭТ ҲНИ-ро ҳимоя мекунанд. Ин ҷо низ савол пеш меояд, ки чи тавр тарғиботчиён ва идеологҳои терроризму экстремизм метавонанд «озодандешон» ба ҳисоб раванд? Чи тавр касоне, ки аз як ҳизби террористӣ ҳимоят мекунанд, худро паноҳгари миллат меноманд? Хоҷагони ҲНИ як ҳақиқатро фаромӯш кардаанд, ки давлат ва мардуми Тоҷикистон аллакай ин марҳиларо гузашта, акнун ин ҳилла ва ин изи пойи онҳоро бисёр хуб мешиносад. Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон дигар ба ин хел дасисаҳо дода нашуда, фиреб намехӯрад. Оё онҳо хабар надоранд, ки давлат ва зиёиёни тоҷик маҳз барои ҳифзи низоми дунявӣ, барои аз хатари ифротгароии динӣ наҷот доддани ҷомеа, барои аз байн бурдани хатари ташкилоти ифротгарои ҲНИ ба сохти давлатдории дунявӣ чи қадар талошу ҷоннисориҳо кардаанд? Агар шумо ҳимоятгарӣ низоми дунявӣ бошед, чӣ тавр дар канори душманони дунявият сангар гирифтаед? Агар дар ҳақиқат мақсади Шумо ободии Тоҷикистон бошад, пас биёед бо сиёсати ҳукумат ҳамқадам шавед, ки дар солҳои охир тамоми кишварро ба як саҳнаи ободию созандагӣ табдил додааст. Ё шояд Шумо ба мисли хоҷагонатон нороҳатед, ки акнун мардуми Тоҷикистон дар чор фасли сол бо роҳҳои мумфарши сатҳи байналхалкӣ ба тамоми минтақаҳои кишвар рафтуомад мекунанд? Ё Шумо нороҳатед, ки акнун мардуми Тоҷикистон пурра бо барқ таъмин шудаю, ба содироти барқ рӯй меорад? Ё Шумо нороҳатед, ки имсол дар Тоҷикистон нахсустин чархаи НБО «Роғун» ба кор даромада, кишвар ба як қудрати энергетикӣ табдил мешавад? Хулоса, агар Шумо ватандӯсту озодандешед, марҳамат, сангари ватандорию озодандешӣ ин ҷост, дар канори давлату миллати худ барои бунёди низоми дунявии демократӣ, барои рушди кишвар ва муаррифии фарҳангу тамаддуни бузурги миллати тоҷик саҳм гузоред. Аммо афсус, ки Шумо ин қудрати фикрӣ ва фарҳангиро надоред ва бо ҷаҳлу ҳирси худ қурбонии бозии навбатии сиёсию тиҷории М Кабирӣ ва муздури манфиатҳои хоҷагони хориҷии ӯ шудед.Ҷои таассуф аст, ки ному симои Шумо ҳамчун душманони озодандешӣ, ҳамчун савдогарони ватан ва ҳамчун муздурони бегонагон дар таърихи миллати мо барои ҳамеша сабт хоҳад шуд.Мо омўзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ зидди чунин афроди хоину ватанфуруш муборизаи беамон мебарем. То ин, ки хоинону душманони миллати мо несту нобуд гарданд.