Изҳороти омўзгорони кафедраи забонҳои хориҷии ДИС ДДТТ оид ба идомаи намоиши филми мустанад бо номи “Бозгашт аз ҷаҳаннам”

           Баъд аз тамошои филми ҳуҷҷатӣ таҳти унвони “Бозгашт аз ҷаҳаннам”, маълум мегардад, ки яке аз муассисон ва ташкилкунандагони ташкилоти террористӣ-эктремистии ҲНИ Сатторов Аёмиддин оид ба атвору кирдори роҳбарон ва аъзоёни ҳизб ҳақиқати ҳолро ба забон оварда, шахсан М.Кабириро айбдор намудааст. Бо баробари ин тариқи шабақаи интернетӣ моҷароҷўён оид ба суханҳои Сатторов А. бо ҳаргуна ақидаҳои гуногун ҳарф зада, маънидод мекунад, ки гўё суханҳои собиқ узви ҲНИ Сатторов А. бофта буда, зери фишори мақомоти қудратӣ қарор дорад.

Дар иртибот ба ин қайд кардан бамаврид аст, бе иқроршавии сухани Сатторов А. кулли мардуми кишвар оид ба  амалҳои зиддидавлатии ҲНИ, ки дар ҳудуди ҷумҳуриамон содир шудааст медонанд  ва мамолики кишварҳои ҷаҳон низ хулосаҳои худро кайҳо нисбати М.Кабирӣ додаанд. Масалан, санаи 01августи соли 2018 дар шаҳри Қоҳира, шаҳраки Маодии Ҷумҳурии Арабии Миср Конференсияи байналмилалии илмӣ-тадқиқотӣ таҳти унвони ”Миср ва Тоҷикистон дар муборизу бар зидди созмонҳои террористӣ, омўзиши тафсилии фаъолияти “Ихвон-ул-муслимин” ва ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати ислом”  доир гардид.

Дар ҷараёни конфронси мазкур воқеии амалҳои террористии ҲНИ, аз ҷумла ҷиноятҳои сангини содиркардаи он дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ, ошўби гурўҳи Ҳоҷӣ Ҳалим ва кушта шудани сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данѓара, инчунин филми мустанади «Решаҳои ноаён» дар бораи фаъолияти тахрибкории Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон намоиш дода шуд. Ин бори дигар аз он далолат медиҳад, ки ҷиноятҳои содиркардаи ТЭТ ҲНИ, дар сатҳи байналмилалӣ низ мавриди баррасӣ қарор дода, рафтори разилонаи хоинони ватан мавриди мазаммату танқиди солимфикрон ва мусулмонони ҷаҳон қарор дорад.

Аз ин рў, ашхосони бегонапарасту хиёнаткори ватан бояд бидонанд, ки имрўз мардуми бонангу номуси шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳияти гурўҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону ватанфурўш, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодааст ва дар оянда низ хоҳад бурд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *