ИЗҲОРОТИ омӯзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ оид ба амалаҳои бадхоҳони миллат -“Ҷамоати Ансоруллоҳ”(29.08.2023сол)

Мо омӯзгорони кафедра зимни изҳороти навбатии хеш  оид ба  ҳаводиси  дар  хатти сарҳадии Тоҷикистон ва  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки моҳи апрел ва августи соли ҷорӣ ба мушоҳида расид андешаронӣ намуда, сараввал онро шадидан макҳкум менамоем. Бояд қайд кард, ки мувофиқи сарчашмаҳои боэътимоди байналмилалӣ, алҳол дар  қаламрави Афғонистон 20 гурўҳҳои террористӣ фаъолият доранд. Аз ҷумла, ташкилолтҳои террористии ба ном ДИИШ, “Ал-Қоида”,”Ҷамоати Ансоруллоҳ” мебошанд, ки барои анҷомдиҳии амалҳои террористӣ ва ақидаҳои ифротии худ натанҳо дар Афғонистон, балки берун аз он низ кӯшиш доранд. Баробари ин, ҳаракати “Толибон”, ки Афғонистонро таҳти тасарруфи худ даровардааст, мавриди таваҷҷуҳи васоити ахбори умум ва коршиносону таҳлилгарон қарор гирифтааст ва имрӯз назорат ва пешгирии  ҳодисаҳои номатлубро аз назар хеле дур мондааст. Баробари  ин, бо дарназардошти ҳаводисҳои солӣ ҷорӣ метавон қайд кард, ки бадҳоҳону хоинони миллат, алалхусус ташкилоти террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” аз воқеияти ҳол сарфаҳм нарафта, ба иғвою дасиса ва дигар аъмоли нангин машғул аст. Чунончи ташкилоти мазкур, дар паҳлӯи фурудгоҳ, дар канори шаҳри Файзобод, ки дар маркази маъмурии вилояти Бадахшони Афғонистон мебошад, барои содир намудани амалҳои террористӣ  урдугоҳ  бунёд кардааст. Ин гурӯҳи бадхоҳ кӯшиш дорад, ки  дар қаламрави кишварамон амалиётҳои террористӣ анҷом диҳад. Дар иртибот ба ин,  мисол меорем, ки 26 апрели соли ҷорӣ 2 нафар аъзои ташкилоти террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ҷихати анҷом додани амалҳои террористӣ марзи Афғонистону Тоҷикистонро дар мавзеи Дашти Язгуломи ноҳияи Ванҷи ВМКБ  убур карда буданд. Ё мисоли дигар, ки шаби 29 ба 30 августи соли равон 3 нафар аъзои террористии «Ҷамоати Ансоруллоҳ» аз хоки Афғонистон ба сарҳади Тоҷикистон гузашта, кушиш намуданд дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди кишварамон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд. Ин навбат низ аз тарафи  кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии  кишвар террористон безарар гардонида шуданд. Бояд қайд кард, ки дар ҷойи ҳодиса ва пинҳонгоҳи махфӣ силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуданд. Дар натиҷаи таҳқиқ озмоиши маводу ҳуҷҷатҳои мусодирашуда, шахсияти террористон муайян гардид, ки ҳар 3 нафар дар ҳақиқат аъзои ташкилоти террористии “Ҷамоати Ансоруллоҳ” мебошанд.  Аз ин маълумотҳо ба худ хулоса бароварда қайд кардан зарур аст, ки терроризм имрӯз чун силоҳи асосии расидан ба манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии онҳо мубаддал гашта, террорист ва экстремист ҳамчун ашхоси иҷрокунанда ва воситаи расидан ба мақсадҳои ғаразноки онҳо табдил гаштааст.

          Мо омӯзгорони кафедра дар фарҷоми изҳороти хеш, амалҳои номатлуби бадхоҳонро бори дигар шадидан маҳкум карда, гуфтанием, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ ҷиҳати ҳифзи марзу бум ва сарҳади давлатӣ аз тамоми имконот истифода мебарад ва дар ростои тавонмандию иқтидороти марзию амниятӣ иқдомоти ҷиддӣ рӯйи даст мегирад. Умуман, неруҳои сарҳадӣ, артиш ва дигар сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар сатҳи баланди омодагии ҳарбию низомӣ қарор доранд ва дар сурати бурузи ҳар гуна таҳдиду хатари берунӣ аз давлату меҳан ва мардуми кишвар сарбаландона ҳимоят карда метавонанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *