ИЗҲОРОТИ омӯзгорони кафедраи забонҳои русӣ ва тоҷикии ДИС ДДТТ оид ба Муроҷиатномаи МИҲД-и шаҳри Хоруғ вобаста ба қазияи лату кӯб шудани сардори раёсати маорифи ВМКБ аз ҷониби саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ

Мо омӯзгорони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ Муроҷиатномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии (МИҲД) ВМКБ -ро вобаста ба қазияи лату кӯб кардани сардори раёсати маорифи вилоят аз ҷониби саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Хоруғи боло Муҳаммадбокир рухдодаро тариқи шабакаҳои ичтимоӣ тамошо намуда, ба худ хулоса бароварда, андешаҳои хешро иброз медорем. Бояд ёдовар шуд,ки қаблан тариқи барнома телевизионӣ аз ҷониби вакилони халқи вилоят ва Лутфулло Наврӯзов – сардори раёсати маорифи ВМКБ вобаста ба ҳодисаҳои санаи 25 ноябри соли 2021 дар шаҳри Хоруғ рухдода ҳақиқати ҳолро баён намуданд. Воқеан саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур мондан, мардумро ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ даъват карда, бо таҳрифи ҳодисаҳо мехостанд ҳамдастони ҷинояткорашро бегуноҳу мавриди таъқиб нишон диҳанд. Илова бар ин масоил муроҷиатномаи МИҲД мақсадҳои нопоки гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бори дигар ошкору тасдиқ шуд ва амлҳои онҳо қотеъона маҳкум карда шуд. Баробари ин бояд қайд кард, ки яке аз аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ “Хоруғи боло”афрод бо номи Муҳамадбокир тариқи шабакаҳои ичтимоӣ баромад намуда, мехоҳад дар байни миллати сулҳпарвари тоҷик тафриқа андохта, ба мақсадҳои бағарази худ бирасад.Имрӯзҳо ин афрод ба ҳар роҳу восита мехоҳад худро мусичаи бегуноҳ нишон диҳад, гуё ба ҷинояте даст назадааст. Дар иртибот ба ин метавон қайд кард, ки сокинони бофарҳанги Бадахшон найрангҳои гуруҳи муташаккили чиноятпешаро дарк намуда, зиракии сиёсиро аз даст надода, барои сулҳу субот ва якдилии Ватан кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Танҳо дар сурати ҳамдигарфаҳмӣ душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ меорад, кишвари азизамон ба пешрафт ва тараққиёт рӯ меоварад. Он дарахте, ки сулҳу ваҳдат меномем, меваҳои ширин ба самар оварда истодааст.Мо тоҷикон бояд онро ҳифз намоем. Ҳақиқатан сулҳу ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу дӯстӣ ҳукмфармост он давлат рӯз то рӯз мешукуфад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *