ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ ТОҶИКӢ ВА РУСӢ ОИД БА ВАЗЪИ КУНУНИИ ҲАМСОЯКИШВАР АФҒОНИСТОН

Мо омӯзгорони кафедра оид ба вазъи кунунии Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва бедодгариҳои ҳаракати “Толибон” дар ин сарзамин изҳорот медиҳем, ки ҳаракти “Толибон” ҳачун тоифаи хунхору бераҳм худро муаррифӣ намуда, бо ин амалу кирдорҳояшон мақсади давлат сохтанро доранд. Чӣ гуна ин тоифа мардум бо амалҳои ноустувори худ метавонад сари як миллати бузург давлате бунёд намояд. Гарчанде ин ҳаракати радикалӣ бозичаи дасти хориҷиён бо роҳи хунхори қисми зиёди сарзамини Афғонистонро иҳота намудааанд ва мақсад доранд, ки мардуми озодихоҳи вилояти Панҷшерро дар тобеияти худ нигоҳ доранд. Дар вилояти Панҷшер,, ки тақрибан 95 фоизи  онро тоҷикон ташкил медиҳанд ва сокинони ин вилоят мақсади бо ин гуруҳи тундрав ҳамроҳ шуданро намехоҳанд. Ба ин масъала равшанӣ андохта бо назардошти расонаҳои хабарӣ қайд менамоем, ки ҳаракати “Толибон” гарчанде худро қувваи яктарафа баҳри озодӣ ва пешравии сокинони мардуми Афғонистон ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад ва дар суханрониашон қайд менамоянд, ки дар миёни онҳо миллату қавм ҳама баробаранд. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ин суханони онҳо рӯяки буда, дар тамоми вазифаҳои масъулиятнок аз миллати паштун интихоб шуда истодаааст. Инчунин назари мо дар ин аст, ки дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон тақрибан 46 фоизи  сокинонро миллати тоҷик ташкил медиҳад. Вале дар вазифаҳои калидӣ аз ин миллат намояндагӣ интихоб нашуда истодааст. Дар иртибот ба ин, бо қайд кардан зарур аст, ки сиёсатмадори таҷрибадори сатҳи ҷаҳонӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масоил изҳори нигаронӣ карда, барои ба низом даровардани вазъи кишвари ҳамсоя пешниҳодҳои саривақтӣ намуданд. Аз ҷумла, қайд карданд, ки бо роҳи мусолиҳатомез ва музокира ҳал кардани низоъ дар Панҷшер аст ва таклиф карданд, ки ҷонибҳои даргир ба пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ҷамъ оянд ва дар мизи музокирот нишинанд, ки ин амал хоҳони бе хунрезӣ ҳал кардани низоъ дар Афғонистон мебошад.

Дар интиҳои изҳороти хеш қайд менамоем, ки мо тасмимгириҳои  сулҳхоҳонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба манфиати тоҷикони бурунмарзӣ ва барқарор гаштани сулҳу субот, барои ҳаммиллатонамон мебошад, ҷонибдорӣ намуда, ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алаҳи мардуми Афғонстонро қатъин маҳкум менамоем. Мо хоҳони онем, ки ҳарчӣ зудтар дар ҳамсоякишвар Афғонистон сулҳу субот пойдор гардида, мардуми он дар фазои оромӣ истиқомат намоянд!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *