ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ  КАФЕДРАИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОД ДАР ҲОШИЯИ МАҚОЛАИ КОРШИНОС АБДУЛЛОИ РАҲНАМО “МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧАРО ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТАҶОВУЗГАР НЕСТ”

Мо омӯзгорони кафедра   бо мақолаи Абдуллои Раҳанамо, коршинос оид ба масъалаи байналмилалӣ  шинос гардидем, ки он ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда масъалаи баҳси марзии байни Тоҷикистону Қирғизистонро дақиқан нишон додааст ва дар робита ба ин андешаҳои хешро иброз медорем.

Дар  такя ба мақолаи  коршинос қайд кардан зарур  аст, ки  воқеан асоси харитаҳои таҳиягардидаи солҳои 1924-1927, сарҳадҳои ҷумҳуриҳои навтаъсиси собиқ Шӯравии Осиёи Марказӣ аниқу дақиқ карда шудаанд ва ҳангоми баҳсҳои марзӣ бояд нишондодҳои ин  харитаҳо ба инобат гирифта шавад, ки қувваи ҳуқуқӣ доранд. Ёдовар шудан  бамаврид аст,ки ҳар ду ҷумҳурӣ онҳоро дар вақти тақсимоти миллию марзӣ дар солҳои зикргардида эътироф намуда буданд, аз тарафи мақоми қонунгузори ИҶШС тасдиқ гардида, ҳамчунин дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Исботи ин гуфтаҳо харитаи сиёсӣ ва топографии Осиёи Миёна мебошад, ки дар соли 1927 таҳия гардида, ин харита бо қарори КИМ-и ИҶШС – мақомоти олии қонунгузор ва намояндагии давлати Шӯравӣ аз 27 марти соли 1927 бо имзои раиси комиссия тасдиқ гардида, дар Бойгонии марказии Инқилоби Октябр ва айни замон дар Бойгонии Марказии Федератсияи Россия, дар шаҳри Москва маҳфузанд. Ҳамин тавр,  дар асоси ҳуҷҷатҳои мазкур минтақаҳои имрӯзаи баҳсноки байни Тоҷикистону Қирғизистон дар маҷмуъ 211 000 гектар замин, ки ҳамчун «қитъаҳои баҳсӣ» ёдоварӣ мешаванд, ки ҳоло 84 000 га замин асосан  дар мавзеи ҷамоати Хистеварзи  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, 56 000 гектар замин, минтақаи ҷангалзори Андараки ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ ,  61 000 гектар замин , асосан аз ҷамоатҳои деҳоти Сурх, Чоркӯҳ ва Ворухи ҳудуди шаҳри Исфара  ва баъзе қитъаҳои нисбатан хурди ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен мавриди истифодаи онҳо қарор доранд .Бинобар ин, бояд ин заминҳо ба соҳибони ҳақиқиаш – Тоҷикистон баргардонида шаванд. Таърих гувоҳ аст, ки солҳои1958-1959 ва соли 1989  аз тарафи Қирғизистон бидуни мувофиқа бо Ҳукумати Тоҷикистон бо ном Комиссияи баробарҳуқуқӣ (паритетӣ) ташкил карда, ҳудудҳои ғайриқонуни ғасбшудаи мазкурро ба манфиати худ яктарафа харита кардаанд, ки онро Шӯрои Олии Тоҷикистон – мақомоти олии қонунгузори Тоҷикистони Шӯравӣ эътироф ва тасдиқ накардаанд, аз ин хотир ин ҳуҷҷатҳои сохта қувваи ҳуқуқӣ (юридикӣ) надоранд. Ҳанӯз соли 1989 дар асоси даъвои тарафи Тоҷикистон ин ҳуҷҷатҳои комиссияи бесалоҳият аз ҷониби Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ бекор карда шудаанд.  Яъне, тарафи Қирғизистон ҳуҷҷатҳоеро далел меоранд, ки тарафи Тоҷикистон ба сабаби яктарафа ва надоштани қувваи юридикии онҳо ҳеҷ гоҳ онҳоро эътироф накардааст. Вобаста ба ин, хулосаи қатъии тарафи Тоҷикистон ба он асос меёбад, ки 211 ҳазор гектар заминҳои мазкур аз ҷониби Қиргизистон ҷузъи ногустании Тоҷикистон мебошанд. Ҳамаи даъвоҳои тарафи Қирғизистон бепоя буда, ҳуҷҷатҳои пешниҳод кардаи онҳо худсаронаю яктарафа, бидуни мувофиқа бо тарафи Тоҷикистон таҳия гардидаанд ва қувваи юридикӣ надоранд.

Бо назардошти ин андешаҳо, дар шароити имрӯзаи вазъи мураккаби геополитикии ҷаҳон ва бархурди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат дар Осиёи Марказӣ бо дарки ҳассосияти мушкилоти сиёсию ҳарбии дар сарҳади ду давлат бамиёномада, танҳо гуфтушунид, эҳтироми тарафайн, якдигарфаҳмӣ ва бо роҳи мусолиҳатомез масъала ҳалли худро ёфта, ба манфиати ҳар ду тараф ва таъмини суботи сиёсии минтақа ва оянда неки ду давлати ҳамсоя мебошад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *