ИЗҲОРОТИ омӯзгорони кафедраи кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ вобаста ба фаъолияти ифротгароии иттилоотии хоинони миилат

Мо омӯзгорони кафедра зимни изҳоротҳои хеш вобаста ба фаъолияти зиддидавлатии хонинони миллат бо санаду далел борҳо бо мисолҳо оварда будем. Ин навбат дар асоси таҳлили хеш амиқан возеҳу равшан қайд менамоем, ки солҳои охир хоинони миллати кишвар ба амсоли роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ, ҳаммаслакаш Муҳаммадиқболи Садридин ва думраваш Беҳрузи Тағойзода, аъзои Гурӯҳи-24 аз имконияту афзалиятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, бо навбат дар барномаи ифротии “Паймони миллӣ”, ”Пайванд” ва дигаре бо “Садои мардум” таблиғи андешаҳои ботил, пеш аз ҳама ноором намудан ва рахна сохтан ба девори сулҳу суботи кишвар, барҳам задани умеду орзуи мардум ва дар вазъияти ногувор гирифтор намудани кишварамон кӯшиш доранд. Умуман Кабирию пайравонаш, бо иғвоҳои ҳамешагӣ ва матлабҳои бадномкунандааш, бахусус ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотӣ дaъвaт менамояд. Кас аз дидани барномаиҳои ифротии хоинони миллат бе ягон шубҳа эҳсос мекунад, ки Кабирю Муҳаммадиқбол ва Беҳрӯз зимни баромадҳояшон доир ба инъикоси тӯҳамту ғайбати беасос нисбат ба давлату миллати кишвар ва зишт нишон додани миллати тоҷик таъсис додаанд.
Мо омӯзгорони кафедра вобаста ба масъалаи мазкур хулосабарорӣ намуда, қайд менамоем, ки мубориза бар зидди ифротгароии иттилоотӣ талаботи ҷомеаи имрӯза аст ва яке аз масъалаҳои асосӣ маҳсуб меёбад.
Бинобар ин барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангези хоинони миллат набояд мо фазои мусоид фароҳам оварем. Ин масъулияти шаҳрвандиву фарзандии мост, ки то ҷон дар бадан дорем, барои решакан кардани бадӣ ва ҳар чӣ бар зарари халқу миллати мост, бикӯшем. Бояд хотиррасон кард, ки пешгирии ҷараёну ҳаракатҳои ғайриқонунӣ кори дастҷамъонаи мо аст. Бояд дар муассисаю ташкилотҳо ва оила мо чеҳраи манфури дасисабозҳоро ба аҳли ҷомеа нишон диҳем ва бо ҳамин тарз қарзи хешро дар назди Ватани азизамон адо намоем! Ин аст, вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси ватандӯсту меҳанпарварӣ равшандил!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *