ИЗҲОРОТИ омӯзгорони кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкорӣ оид ба мақолаи А. Раҳнамо, коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ дар мавзуи “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?”

Мо омузгорони кафедра бо шарҳи коршинос Абдуллоҳи Раҳнамо бар моҳият ва асосҳои ҳуқуқии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баҳси марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистонро мавриди омӯзиш қарор дода, ба хулоса омада зимни изҳороти хеш қайд менамоем, ки гуфтаҳои  Абдуллоҳи Раҳнамо бо ҳуччатҳои тасдиқкунанда масъалаи баҳси байни Тоҷикистону Қирғизистонро дақиқан нишон додааст. Ба гуфтаи коршинос моҳияти содаи низои печидаи марзӣ байни ду давлати ҳамсоя аз ин иборат аст, ки мувофиқи ҳуҷҷатҳои расмии муайянкунандаи сарҳади байни ин ду кишвар, имрӯз ҳудуди 211 000 гектар замини қаламрави қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ихтиёр ё истифодабарии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад. Маҳз ҳамин рақам санаи 23.09.2022 зимни суханронии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мибари Созмони Милал Муттаҳид садо дод. Бояд қайд кард, ки тибқи санадҳои расмӣ ин заминҳо, ки ҳамчун «қитъаҳои баҳсӣ» ёдоварӣ мешаванд, ҳоло 84 000 га замин дар мавзеи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, асосан аз ҳисоби ҷамоати деҳоти Хистеварз, 56 000 гектар замин дар минтақаи ҷангалзори Андараки ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ, 61 000 гектар замин дар ҳудуди шаҳри Исфара, асосан аз ҷамоатҳои Сурх, Чоркӯҳ ва Ворух, баъзе қитъаҳои нисбатан хурди дигар дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитаменро дар бар мегиранд.То  имрӯз оид ба масъалаи мазкур байни ду кишвар беш аз 100 мулоқоту гуфтугӯи сатҳҳои гуногун сурат гирифта, аз наздики 990 км хатти сарҳадӣ дар бораи беш аз 602 километр ё ҳудуди 61% аз он тасвири лоиҳавӣ таҳия ва аз ду тараф мувофиқа гаштааст. Аммо тибқи изҳори Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.09.2022, ҷониби Қирғизистон аз имзо ва расмият бахшидани мувофиқаи ҳосилшуда дар бораи ин бахш аз сарҳадҳои давлатӣ худдорӣ менамояд. Бояд ёдовар шуд, ки омода будани созишнома дар бораи ин бахши марзҳо, гузаштани расмиёти дохилидавлатии он дар Тоҷикистон, омодагии Тоҷикистон барои имзои он ва «бо сабабҳои ба ҷониби Тоҷикистон вобастанабуда» то имрӯз ба имзо нарасидани ин ҳуҷҷат, зимни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 09.04.2021 дар мулоқот бо сокинони ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара низ садо дода буд. Баробари ин бояд қайд кард,ки масъала марзӣ борҳо аз тарафи сардорони давлатҳои мушатракулманофеъ мавриди муҳокима қарор дода, то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Он ҳамлаи душманонаи, ки 13.09.2022 сол аз тарафи Ҷумҳурии Қирғизистон ба суи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба амал омад ҷони чанд тан мардуми бегуноҳ ҳатто кудаконро рабурд. Бе огоҳӣ ба марзи як кишвар ҳамла овардан ин як амалӣ номардона ба ҳисоб меравад. Ҳамла овардан ба манзили истиқоматии шаҳрвандони бегуноҳ, ба масҷиду мактабҳо, ки ин амалро ҳатто фашист ҳам раво надида буд. Хонандаи закӣ дарк мекунад, ки баъди ин амалҳо ки таҷовузгар аст?!

Табиист, ки бе донистани моҳияти масъала ва танҳо дар асоси шиору эҳсосот таъмин намудани ҷонибдории тӯлонӣ аз чизе хеле мушкил аст. Умуман он қиттъаҳое, ки ба кишварамон таалуқ доранд дар асоси пояи мантиқии шарҳи А. Раҳнамо, ки бо факту далелҳои рӯшану қатъӣ дар бораи мавқеи Тоҷикистон дар ин мавзӯи ҳассос барои ташаккули рӯҳияи ватандӯстонаи аҳолӣ ва муттаҳидии ҷомеа дар атрофи мавқеи давлат ва ҳифзи устувори марзи кишвар барои ҳимоя намудан омода ҳастем. Дар фарҷоми изҳороти хеш, кайд меамоем,ки он чи ки аён аст ҳоҷат ба баён нест, зеро, чуноне, ки мегӯянд, ҳар бовар бояд мантиқ ва асоси устувор дошта бошад!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *