Изҳороти омӯзгорони кафедраи забонхои точики ва русй доир ба намоиши филми ҳуҷҷатӣ бо номи “Хиёнат”

 

Таҳлилҳо собит месозад, вақтҳои охир бо шарофати расонаҳои алтернативие чун «Интернет» ва намоишҳои филми мустанад паҳлуҳои фаъолияти сиёҳи ҲНИ ва роҳбари он ошкор мегардад.

Бояд қайд кард,ки бо боаробари  тамошои филми ҳуҷҷатӣ бо номи “Хиёнат”, маълум мегардад, ки яке аз собиқ аъзои ҲНИ Сатторов Аёмиддин,  додарарӯси М.Кабирӣ бо номи Муҳаммадалӣ Раҳматуллоев ва ронадааш Ҳикматулло Сайфов доир ба рафтору кирдорҳои хиёнаткоронаи роҳбари ҳизбро  шарҳу эзоҳ дода, айбдор намуда, гунаҳкори асосӣ меҳисобанд

Аз иқрору тасдиқи суханҳои  шахсони дар боло зикршуда, мо омӯзгорони кафедра хулосабарорӣ намуда қайд менамоем, ки воқеан ин намоиш саривақтӣ аст. Фикру андешаҳои мардуми кишварамон, алалхусус ҷавонон нисбат М.Кабирӣ ба куллӣ дигар мешавад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки имрӯз ба суханҳои бардурӯғу эҳсосикунандаи М.Кабирӣ дигар фирефта нахоҳанд шуд. Хулоса имрӯз  мо бояд дӯсту душманро фарқ кунем, душманон ва пуштибонҳои онҳоро маҳкум намуда,  ҳушёрии сиёсӣ ва шаҳрвандиро нигоҳ дорем. Ин аст имрӯз вазифаи асосии шаҳрвандии мо!

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *