Изҳороти номзади илми математика Исроилҷон Иброҳимов оид ба дар ниқоби дини Ислом фаъолият кардани аҳзоб ва гуруҳҳои ифротгаро

Аз мақолаҳо ва маводҳои воситаҳои ахбори омма, маводҳои Интернет маълум мешавад, ки қувваҳои муайяни экстремистӣ ва террористӣ муқобили сохти конститутсионии кишвари азизамон фаъолият мебаранд. Ба монанди ҳизбҳои ғайриқонунии Таҳрир, Наҳзати исломӣ, ваҳҳобиён, салафиён, Ҷунбиши исломии Ӯзбекистон ва ғайра. Мақсади асосии онҳо дини мубини исломро ниқоб намуда, вайрон кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон, нодуруст кардани ҷаҳонбинии динии ҷавонон аст. Решаҳои аслии дини мубини исломро аз ҳадисҳои Муҳаммад алайҳи (с), Имоми Аъзам ва дигар мутафаккирони пешқадами Ислом фаҳмидан мумкин аст, ки онҳо ягон бор зӯроварӣ ба шахсони дигар дин ва ҳатто одамони ғайри динро баён накардаанд. Фақат бо роҳи фаҳмондадиҳӣ мардумро ба дини Ислом бовар кунониданро талқин мекарданд.

Аз ин сабаб равияҳои нав ба нави дини Ислом ба худи Ислом ягон умумияте надоранд. Онҳо бидъат, яъне секта мебошанд, ки динро ба мақсадҳои ғаразноки худ истифода мебаранд. Аз ин сабаб мо ҷавононро даъват менамоем, ки ба гуфтаҳои бардурӯғи онҳо бовар накунанд. Дар ҷои аввал ҳурмати падару модар ва наздикони калонсоли худро ба ҷо оранд. Зеро онҳо бо анъанаҳои ниёгонамон дар асоси гуфтаҳои Имоми Аъзам фаъолияти динӣ мебаранд. Ҷавонон бояд ин анъанаҳои неки гузаштагонамонро ҳурмат кунанд, барои ободонии кишварамон саъю кӯшиш намоянд. Нафарони доро аввал азми Ҳаҷ накарда, аввал ба хешу таборон ва ҳамсоягонашон кӯмак расонанд. Ҳангоми мавҷуд будани наздикони мӯҳтоҷ ҳеҷ гоҳ ҳаҷҷи Шумо қабул намегардад.

Мо фаъолияти ҳама гуна ҳизбу гуруҳҳои ифротгарор маҳкум менамоем ва барои ободию пешрафти Тоҷикистон софдилона заҳмат мекашем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *