Изҳороти номзади илми педагогӣ, дотсент Раъно Маннонова оид ба ТТЭ ҲНИ ва фаъолияти иғвоангези “Паймони миллӣ” дар Аврупо

Стратегияи мубориза бо терроризм ва экстремизм кори на танҳо Ҳукумат ва сохторҳои он, балки тамоми ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Яке аз роҳҳои мубориза бо терроризм ин, пеш аз ҳама, эҳёи фарҳанги асили миллӣ ва тарғиби ғояи сулҳу амният дар Тоҷикистон дониста мешавад. Бо мақсади қувват бахшидан дар ин самт, Ҳукумати мамлакат пайваста чора меандешад ва насли ҷавони кишварро ба ҳамкории зич даъват менамояд.

Имрӯз, ҷавонони мо қариб дар тамоми соҳаҳои ҷамъият бо шумораи беш фаъолият мебаранд, кору таҷриба меомӯзанд, ҳадафҳои созанда пешниҳод мекунанд, мехонанд, ҷӯё ҳастанд ва пайваста барои ободиву оромии ватан саҳмгузорӣ мекунанд, ки ҳамаи ин боиси ифтихор аст. Вале боз ҳастанд, ҷавонони сустиродаву камсавод ва беандешае, ки даст ба ҳар гуна амалҳои ношоям зада, ҳаёти худ ва наздиконашонро дар хатар мегузоранд. Аз ҷумлаи чунин ҷавонон, имрӯз ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ шомил мешаванд, ки хушбахтона шумораашон торафт кам гашта истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аллакай аксарияти эшон хатогии хешро дарк карда, даст ба амалҳои шоиста ва ободкорӣ мезананд.

Матбуот яке аз воситаҳои мутаррақӣ ва муносиби муосир ҷиҳати мубориза бо терроризму экстремизм шуда метавонад. Вале бояд гуфт, ки ин восита, инчунин, барои тарғиби падидаҳои номатлуб низ воситаи қулай мебошад. Дар ин «майдони андеша» муҳим он аст, ки кӣ киро бовар мекунад. Омода кардани маводи аз лиҳози ҳақиқати воқеӣ рост ва дуруст, фаҳмонидани оқибатҳои нохуби ин падидаҳо, таъсири манфии онҳо ба ҳаёт, табиат ва инсоният аз омилҳои муҳими муборизаи тариқи сухан ва стратегияи махсуси «набарди иттилоотӣ» бо терроризму экстремизм мебошад.

Мубориза бо ТТЭ ҲНИ, созмони “Паймони миллӣ”, “Гуруҳи 24” ва дигар бадхоҳону бадандешони миллат, ки мехоҳанд оромию суботи кишварро барҳам зананд, кори ҳар як шахси баору номус аст. Дар ин самт ҳама бояд якдилу якҷон муқобили ин созмону гуруҳҳои ифротӣ бояд мубориза барем. Ҳар оина, терроризм торафт доираи фаъолияташро иваз ва ё тағйир медиҳад ва ин боиси нигаронӣ ва хатар ба кишварҳо гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори садҳо мамолики олам терроризмро бо тамоми зуҳуроташ сахт маҳкум намуда, дар самти мубориза бо он, корро ҷоннок кардааст. Ҷавонони саодатманди мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Ҳукумату Сарвари мамлакат мутаҳҳид гардида, бо ин падидаҳои номатлуби ҷомеа мубориза мебаранд.

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *