Изҳороти Муаллими калони кафедраи менеҷмент Ниёзов Ҷамолиддин дар нисбати ТТЭ ҲНИ, Паймони миллӣ ва амалҳои зишти онҳо дар Аврупо

Дар оғози давлатдории соҳибистиқлоли Тоҷикистон яке аз ҳизбҳои сиёси – Ҳизби Наҳзати Ислом ном дошт. Оғози фаъолияти ин ҳизб мақсад якто яъне ба сари қудрат омадан ва ба ҳокимият соҳиб шудан буд. Аъзоёни ин ҳизб ба тарафдории ҳизб мехостанд бо роҳи куштору хунрези ба мақсадҳои нопоки худ расанд. Дар оғоз амалу харакатҳои эшон аз амалҳои терористии асри XX1 ягон тафовуте надошт. Ба ин нигоҳ накарда Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон доимо кушиш мекард бо роҳи мусолиҳаи сулҳу дӯсти даъват карда бошад, мутаассифона аъзоёни ҳизби наҳзат манфиати худро аз манфиати давлат, ҷомеа ва Ватан боло дониста доимо вазъиятро ноором месохтанд, ки ин боиси тафриқаандозӣ ва коста гардидани идеалогияи ватандӯстии ҷомеа ва давлати ҷавони Тоҷикистони азиз мегардид. Чунончи Низомии бузург мегӯяд:

Ситам бар мазҳаби давлат раво нест,

Ки давлат бар ситамгар ошно нест.

Дар матбуот ва масчидхо баромад намуда аҳолиро ба сарнагун намудани ҳокимияти конститутсиони ва барпо намудани Ҷуҳурии исломии Тоҷикистон даъват менамуданд. Бояд гуфт, ки дини Ислом пайравонашро ба сулҳу ваҳдат, ватандӯсти, дӯстиву рафоқат  ва зиндагии шоиставу осоишта даъват менамоянд. Ҳизби наҳзат ягон робитае ба дини ислом надошт, баръакс ҳамаи корҳояшон муқобили китоби мукаддаси мусулмонон  – Куръони Карим буд.

Мардумро бо роҳи фиреб ба ҳизб аъзо мекарданд. Дар интихоботҳо мегуфтанд: «номи Исломро хат назанед, кофир хоҳед шуд». Аз ин маълум мегардад, ки мақсади онҳо якто – муқобили Ҳукумати қонунии Ҷумхурии Тоҷикистон баромадан ва вазъиятро ноором намуда ба нафъи худ истифода бурдан.

Боиси хушнудист, ки максаду мароми ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба мо ба зуди равшан гардид. Ин ҳизб худ як ҳизби терористи буда бисёр фарзандони бо нангу номуси миллатро бо роҳи терористӣ аз байн бурд. Хушбахтона бо кордониву фаъолияти шабанарузии кормандони амнияти давлатӣ ва мақомотҳои қудратии давлатӣ паҳлуҳои нав ба нави ҷиноятҳои вазнини ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ошкор гардида истодааст.

Хушбахтона 29-уми сентябри соли 2015 аз ҷониба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон конеъ гардонида шуда хизби наҳзати исломиро ҳамчун ташкилоти ифротгарои эътироф намуда фаъолияташ дар тамоми қаламрави кишвари мо барҳам дода шуд.

            Дар ҳақиқат имрӯз ҷомеа воқеан дарк намуд, ки ташкилкунандаи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистони азиз, ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад. ин ҳизб бо маблағгузориҳои хориҷиён мехост сохтори давлати конститутсиониро вайрон намояд. Вале ҳоло ҳам аз бас, ки маблағҳои хориҷиёнро истифода намуд, ҳоло ҳам дар ҳаққи Тоҷикистони азизамон суханҳои танқидӣ ва беасос, ки ҳеҷ асоси воқеӣ надоранд гуфта истодааст. Хушбахтона ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистони азиз ин падидаи номатлуби ҷомеаро аз меҳани азизамон фирор намуданд, ки ҳоло давлат пазироиашон намекунанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *