¶ 1
Leave a comment on paragraph 1 0
Имрӯзҳо тариқи шабакаҳои интернетӣ гумроҳшудагон бо бозиҳои навбатиашон ба амнияти кишвари мо бештар хатарҳои радикализм ва терроризм эҷод карданӣ ҳастанд. Авҷ гирифтани фаъолияти амалиётҳои террористии Давлати исломии Ироқу Шом дар Афғонистон ва дар кишварҳои Аврупо озодона фаъолият бурдани роҳбари собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ М. Кабирӣ бо ниқоби нави “Паймони миллии Тоҷикистон” мисол шуда метавонад.
Агар ба фаъолияти ТТЭ ҲНИ назар афканем, ба осонӣ фаҳмидан мумкин аст, ки ба ин ташкилотҳо ифротгарон шомил шудаанд ва оилаҳои худ ва бисёр дигар оилаҳои ҷавонро дар хатар монда ояндаи худро месўзонанд. Бархе аз ифродгарон мехоҳонд бо ҳар роҳу восита афкори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Тоҷикистонро нисбат ба роҳбарият ва Ҳукумати кишвар тира созанд. Дар иртибот ба ин бояд ёдовар шуд, ки як сол пеш санаи 29 июли соли 2018 ҷавонони беномусу гарданканда–аъзоёни ТЭТ ҲНИ бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятию давлатии Тоҷикистон пас аз дидаву дониста бо воситаи нақлиёти шахсӣ шаҳрвандони хориҷро пахш карда ва пас аз по афтодани онҳо ваҳшиёна бо олотҳои халандаю бурранда ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расониданд. Дар натиҷаи амали навбатиашон 4 нафар сайёҳони хориҷӣ ба ҳалокат расиданд. Аз ин ҳодисаи нангин, гарчанде як сол сипари шуда бошад ҳам, имрўзҳо тариқи шабакаи интернетӣ маълумотҳои гуногуни беасос ба назар мерасанд. Чунончӣ, аз расонаҳои иттилоотӣ мо бархурдор гардидем, ки масъулияти ҳамларо гўё созмони террористии ДОИШ ба ӯҳда гирифтааст. Имрўзҳо ТТЭ ҲНИ бо ҳар гуна баҳона худро “мусичаи бегуноҳ” нишон дода, бо бозиҳои навбатиаш амалҳои содир кардаашро ба дигарон ҳавола карда истодааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷинояткорони дастгиршуда ба амали номатлубашон иқрор шудаанд ва амиқан тасдиқ шудааст, ки аъзоёни ТЭТ ҲНИ таҳти роҳбарии бевоситаи Ҳусейн Абдусамадов бо ҳаммаслаконаш ҷинояти вазнинро содир намудааст. Бо баробари ин, қайд кардан бамаврид аст, ки бархе аз раҳгумзадаҳо ва кўрдилон, аз паси аҳдофи нопоку муѓризонаи ТТЭ ҲНИ рафтанд, ба ҷазои ҷиноятӣ кашида шуданд ва алҳол дар зиндон қарор доранд. Вале, роҳбараи ТТЭ ҲНИ дар кишварҳои рушдёфта ва тараққикардаи Аврупо машѓули тиҷорату корҳои шахсии худ буда, танҳо ба хотири наозурдани қалби собиқ «ҳамсафон»-аш онҳоро аламбардорӣ мекунад.
Хулоса, имрўз мардуми шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳияти гурўҳҳо ва ҳизбҳои бадтинат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону хиёнаткор, ки тухми кинаву ғояҳои ифротӣ ва террористӣ паҳн кардан мехоҳанд, муборизаи беамон бурда истодаанд!