ИЗҲОРОТИ кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ оид ба баромадҳои иғвогаронаи Паймони худсохтаи наҳзат- “Паймони миллӣ”дар шабакаҳои иҷтимоӣ (аз 11, 18, 22 , 25, 31 октябр ва 1 ноябри соли 2023)

Мо кормандони шуъба тибқи расонаҳои хабарӣ огаҳем, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сабабаи суръат ёфтани равандҳои сиёсӣ, гуногунфикрӣ, бархӯрди андешаҳо ва зиддиятҳои иҷтимоӣ дар руёрӯи муборизаҳои мураккаб дучор гардидааст. Мушоҳидаҳо ва таҳлили афкори иҷтимоии ҷамъияти имрўза аз ҷониби коршиносон дар робита бо ин мушкилот гоҳо объективона ва гоҳо субъективона дар вобастагӣ ба вусъати тафаккур ва сатҳи ҷаҳоншиносию ҷаҳонбиниашон рӯи кор меоянд. Вобаста ба ин масоили возеҳу равшан мушоҳида мешавад, ки дар давоми моҳҳои октябр в ҳафтаи аввали ноябри соли ҷорӣ хоинони миллат, алалхусус роҳбари паймони худсохтаи наҳзат -“Паймони миллӣ” Муҳиддин Кабирӣ ва бахусус ҳаммаслакаш Муҳаммадиқболи Садриддин, Илҳом Ёқубов, Шарофиддин Гадоев ва бо ҷалби думравонаш бо номи Сулаймону Ҷамшед ва Раҳматулло аз имконияту афзалиятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, дар барномаи ифротии “Минбари мухоҷир”оид ба масоили маҳдудияти барқ таблиғи андешаҳои ботил, пеш аз ҳама ноором намудан ва рахна сохтан ба девори сулҳу суботи кишвар, барҳам задани умеду орзуи мардум ва дар вазъияти ногувор гирифтор намудани ҷомеаи имрўзаи мо сухан ронда, тухми кинаву адоват коштанд. Хуллас, мақсади асосии паймони худсохтаи наҳзат фақат иғвогарӣ, нотинҷӣ дар кишвар, тафриқаандозӣ байни мардум мебошад. Кабирӣ ва М. Садриддин бояд дарк намоянд, ки сокинони мамлакат аз кирдорҳои разилонаи собиқ аъзоёни ҲНИ дар фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ ва дар замони сулҳу оромӣ оид ба амалҳои номатлуби навбатиаш низ воқиф мебошанд. Бояд қайд кард, ки мардуми Тоҷикистони тозаистиқлол барои пойдору безавол ва ҷовидона мондани осудагиву амнияти миллӣ талоши беш аз ҳарвақта мекунад. Зеро ин сарзамини биҳиштосо ва соҳибистиқлол бо ҷоннисориву ҷонбозиҳои абармардони ҷасуру бонанги миллат ба даст омадааст ва он ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки аз дасти як қабил нохалафоне, чун фитнакорону иғвоангезони душманони миллат боз бар гирдбоди заволёбӣ афтад. Ҳар як фарди бонангу номуси миллат, ки имрўз дар фазои осудаи Ватан умр ба сар мебарад ва дастовардҳои дар тўли 32 соли Истиқлоли бадастовардаи халқу ватани хешро қадр мекунад. Мо рўз то рўз аз файзу самараи Истиқлол баҳравар ҳастем, рўзгори худро осудаҳолона пеш бурда, имрўзу ҳамавақт амалҳои номатлуби нафарони хиёнаткору бадхоҳони миллатро шадидан маҳкум менамоем!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *