ИЗҲОРОТИ кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ нисбат ба баромадҳои иғвоангезонаи М.Садриддин дар шабакаи иҷтимоӣ (аз 17 – 24.05.2023)

      Мо кормандони шуъба тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди он гардидем, ки 17 ва 24 майи соли равон дар барномаи ифротӣ бо номи “Минбари муҳоҷир” аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин чун баромадҳои қаблиаш боз бо сухани дағалу бемантиқ баромад намуд. Зимни баромадҳояш оид ба харидории ҳавопаймо бо шарҳу эзоҳи ифротӣ, бо таври худ  сухан ронд,  ки он ягон асосе надорад. Дар атрофи ин масъала ёдовар шуда қайд менамоем, ки воқеан арзиши аслии ҳавопаймо нисбат аз нархи харидории он  ду маротиба зиёд аст. Тибқи маълумоти  раиси ҷумҳури Мексика, ба ҳукумати Тоҷикистон бо арзиши 92 млн додллар фурӯхтааст ва арзиши аслиаш 218 миллион доллар мебошад. Оид ба масоили бо компютер таъмин набудани макотиби таҳсилоти миёнаи умумии  кишвар бошад, гуфтанием, ки  нархи компютерҳо қаблан гаранбаҳо буд ва таи даҳ соли охир нархаш нисбатан арзон шудаанд ва  имруз он натанҳо дар мактабҳои миёна ва олӣ, инчунин дар бештари олиаи мардуми кишвар  мавҷуд аст. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо наворе аз чониби кормандони маориф синфхонаи компютерӣ намоиш дода шуд. Вале, новобаста бар ин М.Садриддин бовар намекард ва баҳонаҷӯӣ карда, корношоям будани воситаҳои техникӣ ҳарзагӯи менамуд! Хулас макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ бо компютер таъминанд. Дигар ҳоҷат ба баёну исбот нест!

Таъкидан бори дигар ба М.Садриддин гуфтанием, ки мардуми кишвар аллакай натанҳо аз бешарафиаш, инчунин аз ҳилаю найрангҳояш хабардоранд ва ба суханпардозию сафсатабозии ӯ эътиборе намедиҳанд.

Хулоса, дар интиҳои изҳороти хеш бо дарназардошти масъалаи матраҳгардида, ҳамин нуктаро таъкид менамоем, ки сулҳи деринтизори мо бисёр қавӣ аст,бинобар ин хоинони миллат, умуман ягон қувва онро халалдор карда наметавонад. Зеро мо як бор асои худро гум кардем, дигар ба ин кор роҳ намедиҳем, ҳамеша сиёсати хирадмандонаи Сарвари кишварро ҷонибдорӣ менамоем ва Тоҷикистонро якҷоя боз ҳам зеботар хоҳем намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *