
Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар давоми солҳои қаблӣ то имруз зимни изҳороту маколаҳои худ нисбати Муҳаммадиқболи Садриддини яке аз пайравони фаъоли паймони худсохтаи наҳзат-“Паймони милли” мебошад, андешаҳои худро иброз дошта будем. Бояд қайд кард, ки офтобро бо доман пўшида намешавад ки борҳо зимни муро иатаҳо ҳайати омузгорон ва кормандони Донишкада бо далелҳои раднашаванда ва мисолҳои амиқ туҳмату ғайбат ва суханҳои иғвоангезанаш ва рафтори ношоистааш аёну тасдиқаш шудааст. Илова бар ин, дар изҳороту мақолаҳои ташкилоту муассисаҳои кишвар, алалхусус ҳайати омӯзгорону профессорони макотиби касбии олии кишвар низ бо назардошти далелҳои асосноку раднашаванда баромадҳои ифротии М.Садриддин шадидан маҳкум карда шудааст ва менамоянд.
Вале то ҳол, М.Садриддин ба худ хулосаи даркорӣ набароварда ,аз оғози соли ҷорӣ, дар давоми моҳи январ, аз ҷумла санаи 26 январи соли равон тавассути сомонаи “Илоҳ.нет”, дар барномаи “Минбари муҳоҷир “бо ҷалби шогирдаш Восиев Абдухалил ва думраваш Тағоев Муҳаммад бо пеша намудани суханҳои туҳмату ғайбати иғвоангезона баромад намуда, ин навбат асосан оид ба тағйироти кадрии навбатии мақомоти қудратӣ ,аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Вазорати мудофиаи кишвар бо таври худ беасосу нодуруст маънидод намуда, ба миёни мардуми кишвар шўру фитна ангехта, гумон доранд, ки ин талқини тасаввуроти нодуруст ақидаи сокинони кишварро дигар кунанд.Илова бар ин командони мақомоти зикршударо туҳмату ғайбат намуд.
Вобаста ғайбати қаблию навбатии М.Садриддин андеша ронда ёдовар мешавем,ки аз нуктаи назари дини мубини Ислом калимаи “ҒАЙБАТ”дар сураи сураи Ҳуҷурот, ояти 12,чунин тафсир шудааст:
“Эй мӯъминон, аз гумони бисёр дурӣ ҷӯед, ҳароина баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст; ва ҷосусӣ макунед ва якдигарро ғайбат макунед! Оё касе аз шумо дӯст медорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Балки аз вай нафрат хоҳед кард. Ва аз Худо битарсед, ба дурустӣ ки Худо Тавбапазирандаи Меҳрубон аст!”
Вале, тааҷҷубовар ин аст, ки М.Садридди ва шогирдону думравонаш зиштии ғайбатро шояд медонанд, аммо боз касеро туҳмату ғайбат мекунанд. Ин ба хотири он аст, ки онҳо ба зиштӣ ва нопокии ин кор бовар надоранд. Ба ин гуна афроди гумроҳшудагон хотирррасон мекунем, ки хиёнат ба Ватан, ба халқи диёри хеш дар ҳеҷ давру замон, дар ягон манзилу макон аз ҷониби ҳеҷ нафаре хуш пазируфта нашудааст ва нахоҳад шуд. Ба хотири пойдории қонуният ва риояи тартибот дар ҷумҳурї нисбат ба шахсони гунаҳкору ҷиноятпеша, дар асоси қонунҳои амалкунадаи кишвар чораҳои қатъӣ андешида шаванд. Бояд ёдовар шуд, ки дар моддаҳои 135-136-и боби 17 – и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷиноятҳо ба муқобили озодӣ, обрӯ ва эътибори шахсият ҷазо пешниҳод гардидааст, ки ин як навъ таваҷҷуҳи ғамхорона аз ҷониби давлат барои нигоҳ доштани ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад.
Дар интиҳои изҳороти навбатиамон нисбат ба суханҳои иғвоангезонаи бадхоҳони миллат ба мисоли М.Садриддину А.Восиев ва М.Тағоев, ки осоиштагии мардумро халалдор намуда, мардумро гумроҳ намудан кушиш доранд, хиёнат ба Ватан аст. Таҷрибаи ҳаёти инсоният борҳо исбот намудааст, ки ҳар як шахс бо меҳнати худ новобаста аз соҳаи фаъолият зиндагии шоиста дошта бошад, ки инро мардуми Тоҷикистон эҳсос менамоянд ва барои ободии Ватан ҳиссагузорӣ намуда истодаанд. Имрӯз дар Ватани азизамо н Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шуддаст ва танҳо меҳнати содиқонаро талаб менамояд. Ватанро танҳо шахсоне дӯст ва ҳифз менамоянд, ки бо меҳнати ҳалол луқмаеро пайдо намуда, барои худ ва ояндагон мероси арзанда мегузоранд. Хулоса, ҳар фарди ҷомеаро зарур аст, ки ба равандҳои ҷорӣ ва тавсеаи зуҳуроти номатлуб бо диди огоҳона назар карда, барои ҳифзи сулҳу ваҳдати миллӣ, осоиши зиндагӣ ва таъмини рушду тараққиёти Ватани азиз аз худ нақше бар ҷой гузорад.