
Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд шоҳиди он гардидем, ки санаи 2 марти соли равон дар сомонаи ифротӣ бо номи “Ислоҳ. нет”, пойгаҳи таҳлилӣ ва динӣ ном гузоштаанд, дар барномаи “Минбари муҳоҷир” Муҳаммадиқболи Садриддин ровигӣ намуда, боз худро “уламои дин” шуморида, аз номи дини мубини Ислом, вале, хилофи муқаррароти он бо сухани дағалу бемантиқ дар мавзуи “Назорати интихоботи байкотшуда” бо ҷалби шогирдону думравонаш баромади дағалу бемантиқи иғвогаронаро пеша намуд. М.Садриддин, яке аз шогирдаш Абдухалил Восиев, лақабаш “Алмаз”, думраваш Муҳаммад Тағоев ва Шарофиддин Гадоев, раҳбари ҷунбиши «Ислоҳот ва рушди ….» (калимаи Тоҷикистонро ҳамроҳ накардем ба хонандаи закӣ ҳоҷат ба баён нест) бо суханҳои қабеҳ нисбат ба баргузории “Интихоботи вакилони халқ-2025” ва фаъолияти роҳбарияти олии кишвар, андешаи носолимашонро баён сохтанд, ки он ягон асосе надорад. Илова бар ин, М.Садриддин дар рафти баромади сохтакоронааш бо ҷалби ашхоси ному лақаб ва симою суханрониашон ғайриоддӣ аст, аз қабили “Сангтуда”, “Маша Аллаҳ” ,”Сардор” суолу ҷавоб доир намуда, аз мавзӯъ дур гашта, рушди босуръати кишаври соҳибистиқламонро нодида гирифтанд. Лоф задани ин тудаи ашхоси бадхоҳ аккос задани сагро мемонад. Ин тудаи бадхоҳ бехабаранд, ки мардуми бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти кишварамон аллакай аз ҳилаю найранги М.Садриддин ва шогирдону думравонаш хабардоранд ва ба суханпардозию сафсатабозиашон эътибори ҷиддие намедиҳанд. Вале, мутаассифона, бархе аз ҷавонони мо, ки дар хориҷ ҳастанд ва аз вазъи кунунии Тоҷикистон ба дараҷаи кофӣ хабардор нестанд, ба суханҳои ифротии ин иғвогарон бовар намуда роҳгумзада мегарданд, ки оқибат ба пушаймонӣ меорад! Ҳайфи он ҷавонон, ки ба ваъдаҳои бардурўғи «хоҷа»-ҳои дохиливу хориҷӣ дода шуда, ҷавонии худро на сарфи хондану илм омўхтан, балки корҳои ношоиста мекунанд. Бинобар ин, ҳар як ҷавони солимфикр доири ин масоил хулосабарорӣ намояд ва бояд дурандешу ботадбир бошад. Дар тарозуи ақли солим суду зиёни ҳар амали содиршударо холисона баркашад. Хулоса, мо бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои бадхоҳону хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани хешро аз дасисаҳои бадхоҳони миллат эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки шиори мо ҳифзу ҳимояи ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорӣ мебошад.

