
Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд вобаста ба баромадҳои ифроти пайравони паймони худсохтаи наҳзат- ”Паймони милли..”, ки мутазам дар баронома“Минбари муҳоҷир” баромадҳои ифротӣ менамоянд бохабарем ва онро шадидан маҳкум намуда будем ва имруз ҳам хоҳем намуд. Ин навбат низ зимни изҳороти навбатии хеш дар атрофи суханрони яке аз пайрави фаъоли наҳзатӣ, ки санаи санаи 18 сентябри соли равон тариқи барномаи ифротии “Минбари муҳоҷир“баромад намудааст, андешаҳои хешро иброз медорем. Зимни баромади навбатиаш М.Садриддин дар атрофи масоили муҳоҷирони меҳнатӣ ибрози андеша кард.Ёдовар мешавем,ки гарчанде номи барнома ба масъалаи муҳоҷир вобаста аст, вале дар солҳои охир бори аввал оид ба масъалаи мазкур баромад намуд. Лек мақсад дигар аст. Иғвогари нисбат ба давлату миллат ва ба чолиш кашидани муҳоҷирони меҳнатӣ аст. Ҳар бинадаи барномаи “Минбари муҳоҷир” бе ягон душворӣ дарк мекунад,ки сухани навбатии М.Садриддин ва думравашонаш, алалхус Тағоев Муҳаммад ва Муҳаммамин мантиқ надораду беасосу бедалел ба муттаҳидӣ нуқтаҳои ҷудоиандозӣ меҷўянд, муттаҳидии моро зери суол мегузоранд.

Вобаста ба дастовардҳои даврони истиқлол туҳматнома мебофанду мегўянд ва симои як тоҷик ва тоҷикистониро миёни ақвоми дигар мерезонанд. Ба андешаи мо як нерўи сиёсии даъвогар ба «созандагӣ»-ро аввалан зарур аст, дастовардҳои Тоҷикистонро тўли солҳои истиқлолият эътироф намоянд, агарчанде онро назаррас намедонанд. Албатта, мавҷудияти мушкилиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар Тоҷикистон касе инкор накардааст.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати мо ҳолатҳои хеле вазнин ва сангинеро аз сар гузаронида, имрўз то чӣ андоза муҳим будани сулҳу субот ва хотирҷамъиро дарк карданд. Илова бар ин моро лозим аст, ки нисбат ба солҳои қаблӣ сирати зишту нопоки ин гуруҳаки фитнаангезро ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба аҳли ҷомеа, ба хусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз макру дасисаҳои навбатии душманони миллат огоҳ созем.
Ҳадафи изҳороти мазкур аз ҷониби кормандони шуъба дар он аст, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд рисолати уҳдадории хешро пеша карда, пеш аз ҳама имрўз ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ роҳи адолату садоқат, накўкорӣ, шукр намудан аз замони осоиштаву имконоти васеи таҳсил, интихоби озодонаи касбу кор тарбия намоем, то ки онҳо фирефтаи ваъдаҳои бебунёди гурўҳои иғвопеша нагарданд.