Мо кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шащри Хуҷанд тавассути расонаҳои хабарӣ огоҳ ҳастем, ки ҷаҳони муосир пур аз ихтилофоти гурӯҳӣ буда, рақобат, хусумат ва кинаангезӣ миёни ақидаҳо инсониятро торафт бештар ба мушкилот мувоҷеҳ сохта истодааст. Дар миёни ин ҳама хушунатҳои қавмӣ амалҳои террористӣ, иғвоангезӣ ва ифротгароӣ бештар мавқеъ пайдо намуда, ба як ангезаи глобалӣ табдил гаштааст. Чунин ба назар мерасад, ки хушунату ифрот ҳамчун зуҳуроти зишт бештар ба ҷавонону наврасон таъсир расонида, тавассути онҳо амалҳои харобкунанда ба роҳ монда мешавад. Феълан як қисмат шаҳрвандони кишвар, бахусу ҳаммаслаку пайравони худсохти наҳзатӣ-“Паймони милли” дар хориҷа бо роҳбарии хоҷагони зархариди худ, ки аз даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз намехостанд ва намехоҳанд Тоҷикистони биҳиштосо рӯ ба беҳбудӣ ораду мардумаш оромона зиндагӣ ба сар баранд. Дар иртибот ба ин, бояд қайд кард,ки яке аз пайравони наҳзат-ҳарақати сиёсӣ бо номи “Гуруҳи -24”, ки фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон боздошта шудааст, бо эътирофу изҳоротҳои нав ба нав нисбат ба ҳукумати Тоҷикистон баромад намуда, бо ин васила амнияти кишвари моро халалдор сохтан кушиш доранд. Асосан ин тоифа афроди хоин тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҳар гуна ранг пайдо мешавад ва бо ҳар гуна ранг бозӣ мекунад.
Масалан 4 октябри соли равон Ҳусейн Ашуров, узви фаъоли созмони ифротӣ “Гуруҳи 24” дар барномаи “Ҳақ ва Ботил” бо ҷалби пайравонаш,ки лақаби ғайриодӣ доранд, амиқтараш “”Юсуф-24, “Нурик” дар атрофи ба конфронси навбатии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), ки дар Варшава баргузор мешавад, ибрози андешаи носолим намуда, нисбати сокинони кишвар сухани қабеҳ гуфтаанд ва ба ҳодисаву воқеаҳои ҷомеаи имрузаро нодуруст маънидод намуданд. Бо таҳлил ва воқеияту далел гуфта метавонем, ки бозиҳои пушти пардагииин гуруҳаки бадхоҳи миллат ба ҳамагон маълум аст. Хулоса, мардуми кишвар дар тули 33 соли Истиқлоли давлатӣ, зиракии сиёсиро аз даст надода, аз паёмадҳои фисқу фасоди хоинони миллат бохабаранд. Имрўз мардуми бонангу номуси шарифи Тоҷикистон бо гузашти айём ва табодули таҷриба рўз аз рўз аз моҳияти гурўҳҳо ва ҳаракатҳои бадтинат- “Гуруҳи 24”, умуман бадхоҳони миллату давлат огаҳ гардида, дар муқобили чунин инсонҳои тангназарону ватанфурўш, ки сафҳои созмонҳои таҳрибкорро пурра месозанд, муборизаи беамон бурда истодааст ва дар оянда низ хоҳад бурд!