Изҳороти кормандони шуъбаи масгистратура ва докторантураи ДИС ДДТТ нисбати кирдорҳои иғвогаронаи М.Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Таҳлилҳо собит менамояд, ки имрӯз дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи асосӣ ба паӣвастани шаҳрвандон ба гурӯхҳои тундрави ифротӣ равона шудаанаш ба назар мерасад.Чунончӣ, роҳбари ТТЭ ҲНИ – Паймони миллӣ Муҳиддин Кабири тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ дар яке аз барнома таҳти унвони “Гулчини сухан” боз худро “сиёсатшиносу ҳақиқатҷӯ” нишон дода, ба суолҳои қаблии омодакардаи ҳаммаслаконаш оид ба масоили муҳоҷирати меҳнатӣ, нисбати фаъолияти имрӯзаи роҳбарияти олии кишвар ва мақомотҳои қудратӣ посухи бемантиқ дода, суханҳои беасоси сафсаташро идома дода, чун барномаҳои қаблиаш дастовардҳои кишвари азизамонро нодида мегирад. Воқеан суханҳои беасоси ин гумроҳи хиёнаткор бори дигар нишон медиҳад, ки чунин шахсияти ифротӣ, хоини ватану миллат ва дину мазҳаб надошта, оқибат фирорӣ ва мардуд шуда, нисбати қомати миллати тоҷик шарме надошта ҳарф мезанад ва умуман ҳақи ҳуқуқи ибрози ақида надорад! Бояд ҳотиррасон кард, ки қомати ҳалқи Тоҷикистон-мардуми боору номуси кишвар аз азал рост буд ва ҳоҳад монд, ки ба мо он аз ниёгонамон мерос мондааст.

Бояд қайд кард, ки Кабирӣ дар рафти баромадаш асосан оид ба масоили мӯҳоҷирати меҳантии шаҳрвандон ва Иззат Амон, ки алҳол нисбаташ аз ҷониби мақомоти қудратӣ тафтишоти пешакӣ ҷараён дорад, сухан ронда, бо ин васила онҳоро “пуштибонӣ-ҳомӣ”намуд. Вобаста ба масоили муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон бояд зикр намуд, ки мутаассифона, баъзе шаҳрвандони кишвар дар давраи ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта дар таълиму тарбия дар канор шуда, нисбатан саводи кофӣ надоранду,имрӯз дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, бештар бо мақомоти қудратӣ сару кор доранд ва бо сабабҳои номуайян истирдод (депорт) мешаванд. Пӯшида нест, ки ин гуна ҳолат низ нисбати шаҳрвандони ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ҷой доранд, ки аз сабаби надонистани забони хориҷӣ, аз ҷумла русӣ, англисӣ ва қонунҳои амалкунандаи он кишвар ба проблемаҳо дучор гардида, оқибат низ истирдод мешаванд. Дар робита ба ин бояд қайд кард,ки имрӯз аз ҷониби масъулини соҳаи Хукумати Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ нисбати фароҳам овардани шароити зисти корӣ гуфтушунидҳо идома дорад ва он мушкилотҳое,ки ҷой доранд, давра ба давра ҳалли худро ёфта истодаанд.

Кабирӣ бояд донад, ки шаҳрвандони кишвари мо, ки алҳол дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, ба маслиҳату нишондодаш, ниёз надоранд. Бо баробари ин қайд кардан зарур аст, ки Кабирӣ бо найрангу фиреби навбатиаш, чун солҳои 90-ум боз афсонаи худро хонда, шаҳрвандони кишваррро ба мубориза даъват менамояд. Яъне хоини миллат Кабирӣ имрӯз ҳам ба назари торик ҷомеаи ободу осудаи моро менигарад ва барои расидан ба қудрату мансаб миёни мардум ташвиқоту таблиғоти инқилобу хунрезӣ намуда, онҳоро ба ғайри қонунӣ сарнагун намудани ҳокимият даъват кардан кӯшиш дорад. Хулоса, Кабирӣ ба баҳонаи озодиву адолат мардуми бегуноҳро ба ҷанг даъват намудан, хоину душман буданашро бори дигар ошкор кард.

Хотиррасон мекунем, ки хоинони миллат бидонанд, ки мо аз наҳзатиён, бахусус аз Кабирӣ безорем! Ва намегузорем, ки роҳбари наҳзатиёни фирорӣ Кабирӣ ва умуман пайравонаш на сухан гӯянду на қадамҳои нопокашонро ба кишвари мо гузоранд! Чунки бештари наҳзатиён оқи падар ва мардуди ватан ҳастанд.

Мо кормандони шуъба дар фарҷоми изҳороти хеш, бо боварии комил мегӯем:Ҷавонони имрӯза, аз ҷавонони солҳои 90-уми қарни гузашта куллан фарқ доранд ва ба фитнаву найранги наҳзатиёну хоҷагони хориҷиашон бовар нахоҳанд кард ва суханҳои Кабириро бори дигар шадидан маҳкум мекунанд ва ҳоҳем кард!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *