ИЗҲОРОТИ КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ МАГИСТРАТУРА ВА ДОКТОРАНТУРАИ ДИС ДДТТ АЛАЙҲИ БАРОМАДИ ИҒВОБАРАНГЕЗОНАНДАИ КАБИРӢ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

 

 Мо кормандони шуъба нисбати баромади онлайнии роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ибрози андеша намуда, қайд менамоем, ки хиёнаткори миллат -Кабирӣ чун мисли тӯтӣ такрор ба такрор вобаста ба масоили фаъолияти ҳукумату давлат ва роҳбарият сухан ронда, туҳмати ғайбати беасос намуд. Аз ҷумла, зимни суханрониаш нисбати роҳбарияти давлату ҳукумат оид ба хариду фурӯши иншоотҳо сухан кард. Бояд ёдовар шуд, ки Кабирӣ бо пули муфт чандин иншоотҳо, аз ҷумла бозору заминҳо ва беморхонаро харида буд. Суол ба миён меояд, ки аз маблағ, аз куҷо?! Ба ин суол бе ягон мушкили бояд посух дод, ки бо дастгирии молиявии хоҷагони хориҷиаш иншооту заминҳоро харидаааст!

Инчунин дар рафти баромади сафсатааш доир ба масоили давлатҳои абарқудрат, аз ҷумла Федератсияи Россия, ҷумҳурияҳои Узбекистон ва Турманистонро давлатҳои сохти диктаторӣ номида, таҳқиромез сухан кард. Лаҳзаи сукути Муҳиддин Кабирӣ дар сабти видеоӣ исбот менамояд, ки ҳар сухани гуфтааш то ба кадом андоза мақбули хоҷагонаш шудааст, пайхас менамояду тобиши ҳарфро тағйир медиҳад худро зиёисимо вонамуд мекунад. Воқеан баромади иғвобарангезонандаи Кабирӣ бори дигар собит мекунад, ки ташиклоти террористӣ ва ифротгарои “Ҳизби наҳзати ислом – Паймони миллӣ…” аз назари ақида, ҳадафҳо ва амалкард як созмони комилан ифротӣ ва террористӣ буда, аз ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ фарқе надорад. Танҳо зоҳир ва пӯшиши худро замонавӣ нишон медиҳад ва шиорҳои гӯё мардумӣ ва демократӣ сар медиҳад. Дар асл ин ҳизб на камтар аз дигар гурӯҳҳои террористӣ барои Тоҷикистон ва кулли минтақа хатар дорад. Бинобар ин нагузорем, ки хиёнаткори миллат- Кабирӣ ва пайравонашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо сафтатаву дасисабозии худ нисбати кишвари мо сухан гӯяд ва мардуд асту ягон ҳуқуқ надорад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *