Изҳороти кормандони шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии ДИС ДДТТ нисбати лафзбозии М.Кабирӣ ва М.Садриддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ

 

Имрӯзҳо яке аз хиёнаткори миллат Муҳиддин Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо лафзбозиии навбатиаш боз бар зидди сиёсати имрӯзаи кишвари мо тӯҳмату бӯҳтон мезанад. Пас аз дидани барномаи “Паймони миллӣ…” кас пай мебарад ки Кабирӣ дар рӯзҳое, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пандемияи короновирус хуруҷ дорад, ба ҷои тасаллӣ додани мардум, баръкас машғули гапҳои сафсата шуда, боз худро “адолатпарвару сиёсатмадор” намоиш дода, нисбати миллату давлат беасос лафзбозӣ намуда, пешравии кишвари моро нодида мегирад. Бо баробари ин яке аз пайравонаш Муҳаммадиқболи Садриддини бешраф низ дар ин масоили дину ҳукумати кишвар суханбозиҳои ифротгароиро пешаи худ намудаааст.

Имрӯз Кабирӣ ва Муҳаммадиқбол дар Аврупо қарор доранду аз вазъи сиёсӣ ва дастовардҳои беназири кишвари мо бехабаранд. Воқеан имрӯз М.Кабирӣ, М.Садриддин ва бештари наҳзатиёни фирорӣ ба хотири молу сарват, ақли худро бохтаанду, аз бешарафиву бадсириштӣ бар миллати хеш хиёнат мекунанд ва ба ғайр аз ин амал дигар коре надоранд. Такрор ба такрор ёдовар шуда, наҳзатиёнро хотиррасон мекунем, ки имрӯз хеҷ кас ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро дигар карда наметавонад.

Бо боварии комил метавон қайд кард,ки ҳар як фарди бонангу ори тоҷик, имрӯз дар фазои осудаи Ватан умр ба сар мебарад ва дастовардҳои дар тӯли 30 сол ба даст овардаи халқу ватани хешро қадр намуда, ҳамзамон ихтилофангезиву лафзбозии навбатии Кабирӣ ва Муҳммадиқболи бешарафро шадидан маҳкум менамояд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *