Изҳороти кормандони шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълими ДИС ДДТТ роҷеъ ба сиёсати моҷароҷӯёнаи Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Мо кормандони шуъбаи мониторинг ва назорати сифати таълими донишкада огаҳ ҳастем, ки имрӯзҳо яке аз хиёнаткори фирорӣ, роҳбари собиқ ҲНИ – Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо сиёсати моҷароҷӯёнааш бар зидди сиёсати имрӯзаи кишвари соҳибистиқлоли мо мардумро гумроҳ кардан кӯшиш намуда истодааст. Бо баробари ин бояд ёдовар шуд, ки Кабирии “сиёсатмадори адолалатпарвар” дар давраи пандемияи сирояти коронавируси “COVID-19″” ба ҷои тасаллӣ додани мардуми муҳоҷир, баръкас машғули гапҳои сафсата шуда, ифроткориро пешаи худ намудаааст. Чунончӣ, дар ҳафтаи аввали моҳи июли соли ҷорӣ хиёнаткор Кабирӣ дар яке аз барномаи бо номи “Гулчини сухан” худро боз “ҳақиқатҷӯ ва пуштибон”-и муҳоҷирон вонамуд карда, бо ин васила нисбати фаъолияти роҳбарияти олӣ ва мақомотҳои қудрати кишвар санги маломат зада ғайбати беасос намуд. Таҳлилҳо собит менамояд,ки Кабирӣ бо истифода аз фурсати муносиб ва маккории сиёсӣ мехоҳад аз нав Иттиҳоди неруҳои мухолифин (оппозитсия)-ро дар хориҷ таъсис бидиҳад ва зиёиёну фарҳангиёни бурунмарзӣ ва тамоми созмону неруҳои муҳоҷирро тахти султони худ гирд оварад. Дар пушти ин қазия боз сармоягузорони хориҷии минтақавӣ ва баъзе созмонҳои манфиатдорӣ меистанд ва ҳимояти молию сиёсии ТТЭ ҲНИ-ро, ки лоиҳа-проекти даромадноки онҳост, дар хориҷ ҳам бар ӯҳда мегиранд.

             Бинобар ин набояд фаромӯш кард, ки имрӯз терроризму ифротгароӣ, яке аз хафноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунанд. Имрӯз ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи  ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус, амалҳои фоҷиабори онҳоро дарк кунанд. Ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.

      Дар интиҳои андешаи хеш   Кабириро хотиррасон мекунем, ки имрӯз хеҷ кас ақидаи сиёсии мардуми сарбаланди Тоҷикистонро дигар карда наметавонад!  Ҳамзамон дар фарҷоми изҳороти хеш бар зиддӣ сиёсати моҷароҷӯёнаи навбатии Кабирӣ садо баланд намуда, онро маҳкум менамоем!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *