Изҳороти кормандони китобхона  оиди  мақолаи мудири китобхона                  Мубориза алайҳи вабои аср амали дастаҷамъона

Экстремизм чун вабои аср  эътироф гардида , аз оқибатҳои даҳшатангези он ҳар як сокини сайёра дар зери хавфу хатар зиндагӣ ба сар мебарад.

Терорист ба ҳеҷ кас раҳм надорад, муқаддасотро намешиносад , вай Модар,

Ватан, дин   надорад, ҳатто модаре, ки ӯро парварид  ва ба балоғат расонид, барояш қадру қиммат, арзиш надорад.

Ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ надодан, муҳити носозгор  дар оила аз омилҳоест, ки ҷавонон ба роҳи хато мераванд.

Дар ҳақиқат терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни накдиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати чудоихохӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд.

Тамоми фаъолияти ин ҳизб он замон барои аз байн бурдани сохти конститутсионӣ фалаҷсозии соторҳои давлатӣ ва ба миён овардани як ҳолати бӯҳрони ноором равона гардида буд

Аммо онҳо барои мақсади бади худ нарасидаанд. Тоҷикистон гул-гул шукуфта истодааст. Мардуми мо огоҳу ҳушёранд ва  дигар ҳаргиз  номгузоранд, ягон гурӯҳи ҷинояткорӣ дастболо шавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *